Путин ҳадафи аслии Русияро дар соли 2022-ро гуфт

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2022
Обуна шудан
Сарвари давлат гуфт, ки авлавияти фаъолияти мақомоти Русия дар соли нав чист
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Ҳадафи аслии мақомоти Русия беҳбуди сифати зиндагии мардуми кишвар аст. Дар ин бора дар паёми солинавии раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта шудааст.
"Ҳадафи асосӣ баланд бардоштани некӯаҳволӣ ва сифати зиндагии мардум аст. Ҳалли ин вазифаҳо Русияро боз ҳам тавонотар мегардонад. Мо танҳо дар якҷоягӣ метавонем рушду шукуфоии минбаъдаи Ватанамонро таъмин кунем", - таъкид дошт сарвари давлат.
Вай қайд кард, ки соли гузашта русҳо бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ шуданд, вале онҳо ба шарофати ҳамраъйӣ бо он чӣ гуна мубориза бурданро омӯхтанд.
Ба гуфтаи Путин, умедҳои мардуми кишвар ба тағйироти хуби оянда муттаҳиданд. Дар баробари ин ҳама мефаҳманд, ки "онҳоро аз воқеаҳои соли гузашта ҷудо кардан номумкин аст".
Президенти Федератсияи Русия дар паёмаш ба русҳо саломатии бардавом таманно кардааст.
"Шуморо самимона табрик мегӯям, орзуи асосӣ барои ҳама, албатта, саломатии бардавом аст ва итминон дорам, ки ба он дар кору таҳсил, эҷодкорӣ ва он чизе, ки дӯст медоред, комёбӣ илова хоҳад кард", - гуфт роҳбари Русия.
Вай таъкид кард, ки кишвар тавонист дар як муддати кӯтоҳ иқтисоди худро барқарор кунад. Ҳоло Русия дар бисёр соҳаҳо ба сӯи татбиқи ҳадафҳои стратегии рушд ҳаракат мекунад.
Ҳарчанд бисёр мушкилоти ҳалнашуда боқӣ мондаанд, аммо бо вуҷуди ин, кишвар соли 2021-ро сазовор пушти сар кард.
Кроме этого, глава государства выразил поддержку всем, кто потерял близких из-за пандемии коронавируса, и отдельно поздравил всех, кто 31 декабря находится "на боевом посту": военных, врачей и водителей.
Президент РФ В. Путин по видеосвязи принял участие в заседании лидеров ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Путин таҳдиди асосӣ ба Русияро гуфт
Напомним, первыми обращение российского лидера увидели жители Камчатки, где уже наступил Новый год.
Илова бар ин, сарвари давлат ба ҳама афроде, ки бар асари пандемияи коронавирус наздиконашро аз даст додаанд иродаи қавӣ таманно кард ва афроде, ки тайи ин рӯзҳо дар хизмат ҳастанд табрик гуфт
Ёдовар мешавем, ки паёми раҳбари Русияро авалин шуда сокинони Камчатка, ки соли нав дар он ҷо пештар аз ҳама фаро мерасад, диданд.
Лентаи хабарҳо
0