Паёми солинавии Раҳмон: ёди 2021 ва зикри ҳадафҳо барои соли 2022 - видео

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошияш ба муносибати соли нав аз бурду бохти соли 2021 ва аз нақшаҳои кишвар то соли 2026 низ гуфт
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанонро бо Соли Нави мелодӣ табрик гуфт. Навори табрикотӣ дар сафҳаи Facebook-ии хадамоти матбуоти сарвари давлат нашр шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш, ба ҳар як хонаводаи кишвар саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори пурбаракатро таманно кард.
Сарвари давлат қайд кард, ки соли 2021 барои Тоҷикистон воқеан таърихӣ шуда, он дар таърихи давлатдории нави миллии тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.
Дар натиҷаи заҳмати софдилона, фаъолияти содиқона ва саъю талоши ватандӯстонаи халқи Тоҷикистон тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар то дурдасттарин деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин хеле ободу зебо гардида, бисёр мушкилоти иҷтимоии сокинони мамлакат бартараф карда шуданд, афзуд раисиҷумҳури кишвар.
Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо Соли нав шодбош гуфт
Дар идомаи паёмаш президенти кишвар аз дастовардҳои кишвар дар соли рафта зикр карда гуфт, шароити зиндагии аҳолӣ дар муқоиса бо солҳои пешин беҳтар шуд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам тақвият пайдо кард.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи раҳбари Тоҷикистон, ҳанӯз мушкилот ва масъалаҳои ҳалталаб зиёданд.
"Вазъияти минтақа ва ҷаҳон торафт мураккабу пешгӯинашаванда гардида, илова бар ин, мушкилоти глобалӣ – гармшавии иқлим, хушксоливу камобии пайиҳам, болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ, сӯзишворӣ ва камчин шудани маводи озуқа боиси ба вуҷуд омадани бисёр масъалаҳои мубрам дар ҳаёти аҳли башар гардида истодааст", - афзуд Раҳмон.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ваъда дод, ки мақомоти кишвар барои аз байн бурдани онҳо талош хоҳанд кард.
Президент дар идомаи суханронӣ аз аҳолии кишвар даъват кард, ки барои фардои кишвар ҳиссагузор бошанд ва аз захираю имкониятҳои мавҷуда ҳарчи бештар самаранок ва истифода бурда, истеҳсоли маҳсулотро афзун гардонанд.
Эълони панҷсолаи рушди саноат дар Тоҷикистон
Инчунин, раисиҷумҳур зарурати такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди саноатро эълон кард.
Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон дар соли 2022 ба марҳалаи нави рушди худ ворид мешавад ва тамоми нерӯ бояд ба сӯи ободии минбаъдаи Ватани маҳбуб равона карда шавад.
Ӯ гуфт, панҷ соли оянда, то соли 2026, ки дар кишвар "Солҳои рушди саноат" эълон гардид ва тибқи нақша бояд ба саноатикунонии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, ба фароҳам овардани ҷойҳои кории бнштар ва поин овардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат кунад.
Лентаи хабарҳо
0