https://sputnik.tj/20211209/ima-afghon-ijozai-vurud-1044045413.html
ИМА ба афғонистониҳо иҷозаи вуруд намедиҳад
ИМА ба афғонистониҳо иҷозаи вуруд намедиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба муҳоҷирони афғон иҷозаи вуруд намедиҳад
2021-12-09T15:05+0500
2021-12-09T15:05+0500
2021-12-09T15:11+0500
има
афғонистон
иҷозаи вуруд
низомиёни афғон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/03/1042045295_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_a6b3e5478beb3c7e428c45f8dd6069f4.jpg
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Ҳукумати Амрико вуруди афғонистониҳоро ба Иёлоти Муттаҳида, тибқи тартиби "ҳимояи башардӯстона" рад кард, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба "Axios". Аз ин барнома одамоне истифода карда метавонанд, ки "бинобар таҳдиди таҷовуз ва хушунати густурда дар ҳаросанд". Онҳо имкон доранд, ки барои дарёфти паноҳандагӣ, мақоми гуреза ё раводиди махсуси муҳоҷиратӣ барои ду сол дар Иёлоти Муттаҳида муроҷиат кунанд. Ҳамин тариқ, ба гуфти ду масъули ҳукумат, ин барнома танҳо барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки дар "вазъи шадид" қарор доранд ва наметавонанд мунтазири гирифтани паноҳандагӣ шаванд. Ба навиштаи рӯзнома, маъмулан ба ниҳодҳои давлатӣ дар як сол ҳудуди 2 ҳазор дархост барои ворид шудан ба ИМА фиристода мешавад, вале ахиран беш аз 30 ҳазор дархост пешниҳод шудааст. Сухангӯи Вазорати амнияти дохилии Амрико ба нашрия гуфтааст, ки аз тобистон ба ин сӯ беш аз 100 нафар аз афғонистониҳо дар зимни ин барнома иҷозаи вуруд гирифтаанд. Ба ин рӯйхат онҳое дохил мешаванд, ки то ҳол раводиди махсуси муҳоҷират ё дигар воситаҳои ҳуқуқиро дарёфт накарда буданд. Дар маҷмуъ, ба навиштаи рӯзнома, ҳудуди панҷ ҳазор нафари аз Афғонистон интиқолдодашуда шаҳрвандони Амрико мебошанд. Тақрибан 75 ҳазор нафарро афғонистониҳо ташкил медиҳанд, ки бархе аз онҳо метавонанд раводиди махсус гиранд, зеро худи онҳо ё аъзои оилаи онҳо ба Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон кумак кардаанд. Инчунин ба ин феҳраст аъзои оилаи шаҳрвандони ИМА, дорандагони корти сабз, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва рӯзноманигорон ворид карда шуданд. Тақрибан 35 ҳазор афғонистонии интиқолдодашуда дар пойгоҳҳои низомии Иёлоти Муттаҳида, тақрибан 36 ҳазор нафар дар хоки ИМА қарор дорад, 3,2 ҳазор афғонистонии дигар мунтазири вуруд ба ин кишвар аст, менависад нашрия.Толибон авоили моҳи август ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эъломи хатми ҷанг намуданд.Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт. Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд. Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистон бо раҳбарии Муҳаммад Ҳасан Охунд эълон шуд, ки дар замони ҳукмронии нахустини толибон вазири умури хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20211209/ia-jabha-pushtiboni-afgoniston-1044043277.html
https://sputnik.tj/20210717/uzbekiston-ima-panoh-afghonho-darhost-1040956566.html
https://sputnik.tj/20210912/bayden-furudgoh-kobul-tojikiston-takror-1042203930.html
има
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/03/1042045295_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_70489a2c8a5bb467f37b667bbf038e5a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, афғонистон, вуруд, қоида, қавонин
има, афғонистон, вуруд, қоида, қавонин
ИМА ба афғонистониҳо иҷозаи вуруд намедиҳад
15:05 09.12.2021 (Навсозишуда: 15:11 09.12.2021) Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба муҳоҷирони афғонистонӣ иҷозаи вуруд намедиҳад
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Ҳукумати Амрико вуруди афғонистониҳоро ба Иёлоти Муттаҳида, тибқи тартиби "ҳимояи башардӯстона" рад кард, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба "Axios".
Аз ин барнома одамоне истифода карда метавонанд, ки "бинобар таҳдиди таҷовуз ва хушунати густурда дар ҳаросанд".
Онҳо имкон доранд, ки барои дарёфти паноҳандагӣ, мақоми гуреза ё раводиди махсуси муҳоҷиратӣ барои ду сол дар Иёлоти Муттаҳида муроҷиат кунанд.
Ҳамин тариқ, ба гуфти ду масъули ҳукумат, ин барнома танҳо барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки дар "вазъи шадид" қарор доранд ва наметавонанд мунтазири гирифтани паноҳандагӣ шаванд.
Ба навиштаи рӯзнома, маъмулан ба ниҳодҳои давлатӣ дар як сол ҳудуди 2 ҳазор дархост барои ворид шудан ба ИМА фиристода мешавад, вале ахиран беш аз 30 ҳазор дархост пешниҳод шудааст.
Сухангӯи Вазорати амнияти дохилии Амрико ба нашрия гуфтааст, ки аз тобистон ба ин сӯ беш аз 100 нафар аз афғонистониҳо дар зимни ин барнома иҷозаи вуруд гирифтаанд. Ба ин рӯйхат онҳое дохил мешаванд, ки то ҳол раводиди махсуси муҳоҷират ё дигар воситаҳои ҳуқуқиро дарёфт накарда буданд.
Дар маҷмуъ, ба навиштаи рӯзнома, ҳудуди панҷ ҳазор нафари аз Афғонистон интиқолдодашуда шаҳрвандони Амрико мебошанд. Тақрибан 75 ҳазор нафарро афғонистониҳо ташкил медиҳанд, ки бархе аз онҳо метавонанд раводиди махсус гиранд, зеро худи онҳо ё аъзои оилаи онҳо ба Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон кумак кардаанд.
Инчунин ба ин феҳраст аъзои оилаи шаҳрвандони ИМА, дорандагони корти сабз, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва рӯзноманигорон ворид карда шуданд.
Тақрибан 35 ҳазор афғонистонии интиқолдодашуда дар пойгоҳҳои низомии Иёлоти Муттаҳида, тақрибан 36 ҳазор нафар дар хоки ИМА қарор дорад, 3,2 ҳазор афғонистонии дигар мунтазири вуруд ба ин кишвар аст, менависад нашрия.
Толибон авоили моҳи август ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эъломи хатми ҷанг намуданд.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистон бо раҳбарии Муҳаммад Ҳасан Охунд эълон шуд, ки дар замони ҳукмронии нахустини толибон вазири умури хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.