https://sputnik.tj/20211208/tojikiston-sozishnomai-tashkil-nizomi-yagonai-ziddihavoi-rusiya-tasvib-1044024410.html
Тоҷикистон созишномаи ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоиро бо Русия тасвиб кард
Тоҷикистон созишномаи ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоиро бо Русия тасвиб кард
Sputnik Тоҷикистон
Порлумони Тоҷикистон тарҳи созишнома байни Тоҷикистону Русия оид ба ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоиро қабул кард
2021-12-08T16:05+0500
2021-12-08T16:05+0500
2021-12-08T16:15+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
созишнома
тасвиб
низоми зиддиҳавоӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102205/71/1022057109_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_3ac31d9775f2812f01cca12c76272287.jpg
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагон, тарҳи созишномаро шахсан Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дар назди вакилон муаррифӣ кард.Ёдрас менамоем, ки моҳи сентябри соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдор дастур дод, то лоиҳаи созишнома байни Тоҷикистону Русияро дар бораи ташкили низоми ягонаи минтақаии мудофиаи зиддиҳавоӣ маъқул дониста, имзо кунанд.Амри раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин хусус 12 сентябри соли равон ба имзо расида буд.Дар лоиҳаи санад гуфта мешавад, ки қарордод бо мақсади беҳбуди вазъи мудофиаи зиддиҳавоӣ дар минтақа баста мешавад.Созишнома қисмате аз низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои узви ИДМ мешавад.Дар санади мазкур зикр шудааст, ки бо назардошти аз якдигар ҷудо будани қаламравҳои Тоҷикистону Русия тарафҳо дар минтақа қисмати ҷудогонаи амнияти дастаҷамъиро дар ҳудуд ва фазои Тоҷикистон ҷудо хоҳанд кард.Гуфта мешавад, созишнома ба муҳлати панҷ сол имзо мешавад.Бояд гуфт, дар бораи ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоӣ дар моҳи майи имсол Владимир Путин, раисҷумҳурии Русия ба мақомоти кишвараш дастур дода буд, ки созишномаи бунёди шабакаи ягонаи мудофиаи зиддиҳавоиро бо Тоҷикистон омода карда, ба имзо расонанд.Матни дастури Путин дар ин бора рӯзи 17-уми май дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии ин кишвар нашр шуда буд.
https://sputnik.tj/20200922/Rusiyavu-Tajikistan-fazoi-jumhuriro-yakjoya-himoyat-mekunand-1031941622.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102205/71/1022057109_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_4646b36e79d4dc1ee6a26570a828134b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, низоми ягонаи дифои зиддиҳавоӣ, тасвиб, русия
тоҷикистон, низоми ягонаи дифои зиддиҳавоӣ, тасвиб, русия
Тоҷикистон созишномаи ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоиро бо Русия тасвиб кард
16:05 08.12.2021 (Навсозишуда: 16:15 08.12.2021) Порлумони Тоҷикистон тарҳи созишномаи Душанбе ва Маскавро барои ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоиро тасвиб кард
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагон, тарҳи созишномаро шахсан Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дар назди вакилон муаррифӣ кард.
Ёдрас менамоем, ки моҳи сентябри соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдор дастур дод, то лоиҳаи созишнома байни Тоҷикистону Русияро дар бораи ташкили низоми ягонаи минтақаии мудофиаи зиддиҳавоӣ маъқул дониста, имзо кунанд.
Амри раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин хусус 12 сентябри соли равон ба имзо расида буд.
Дар лоиҳаи санад гуфта мешавад, ки қарордод бо мақсади беҳбуди вазъи мудофиаи зиддиҳавоӣ дар минтақа баста мешавад.
Созишнома қисмате аз низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои узви ИДМ мешавад.
Дар санади мазкур зикр шудааст, ки бо назардошти аз якдигар ҷудо будани қаламравҳои Тоҷикистону Русия тарафҳо дар минтақа қисмати ҷудогонаи амнияти дастаҷамъиро дар ҳудуд ва фазои Тоҷикистон ҷудо хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, созишнома ба муҳлати панҷ сол имзо мешавад.
Бояд гуфт, дар бораи ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоӣ дар моҳи майи имсол Владимир Путин, раисҷумҳурии Русия ба мақомоти кишвараш дастур дода буд, ки созишномаи бунёди шабакаи ягонаи мудофиаи зиддиҳавоиро бо Тоҷикистон омода карда, ба имзо расонанд.
Матни дастури Путин дар ин бора рӯзи 17-уми май дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии ин кишвар нашр шуда буд.