Қазоқистон пули нодире ба гардиш мебарорад: дар он кӣ тасвир ёфтааст?

© Sputnik / Абзал КалиевЧеловек считает деньги
Человек считает деньги  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Обуна шудан
Бонки миллии Қазоқистон пули ҷашниеро бо арзиши номиналии 20 000 танга, ки бо технологияи нодир таҳия шудааст, ба муомилот мебарорад
ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Бонки миллии Қазоқистон ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлоли ин кишвар як пули ҷашнӣ бо акси нахустин раисҷумҳури он Нурсултон Назарбоевро ба муомилот баровардааст, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Қайд карда мешавад, ки ҳангоми таҳияи он бори нахуст дар ҷаҳон тасмаи деметализатсияшуда истифода шудааст.
Дар он аксҳои голографии номиналӣ, рамзи 30-солагии истиқлол ва факсимилеи сарвари давлат Қосимҷомарт Тоқаев мавҷуданд.
© Национальный банк КазахстанаЮбилейная банкнота номиналом 20 000 тенге
Юбилейная банкнота номиналом 20 000 тенге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Юбилейная банкнота номиналом 20 000 тенге
Дар рӯи пул рамзҳои давлатии ҷумҳурӣ, порчаҳои ороиши миллӣ ва ашёҳои рамзӣ, аз қабили арк ва муҷассамаи Казоқ Элӣ тасвир шудаанд.
Дар тарафи дигари он акси шаҳри Нурсултон ва қароргоҳи президент дарҷ гардидааст. Акси худи Назарбоев бошад, дар ҳар ду тараф мунташир шудааст.
© Сайт fingramota.kzЮбилейная банкнота номиналом 10 000 тенге, посвященная 25-летию Независимости Республики Казахстан
Юбилейная банкнота номиналом 10 000 тенге, посвященная 25-летию Независимости Республики Казахстан

 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Юбилейная банкнота номиналом 10 000 тенге, посвященная 25-летию Независимости Республики Казахстан
Бояд гуфт, ин аввалин пуле нест, ки бо акси Нурсултон Назарбоев дар он тасвир мешавад.
Нахустин пули ҷашнӣ бо акси элбасӣ, бо арзиши 10 000 танга соли 2016 ба муомилот бароварда шуда, ба 25-умин солгарди истиқлоли Қазоқистон бахшида шуда буд.
Дар Тоҷикистон пулҳои нави коғазии аз 10 то 500-сомонӣ ба муомилот ворид шуд: акс
Қаблан Тоҷикистон аз муомилоти пулҳои дорои ҳимояи вижа хабар дода буд.
Муайян шуд, ки пулҳо 80% аз нахи пахта, 20% полимер буда, дараҷаи баланди муҳофизат доранд.
Лентаи хабарҳо
0