Амрико ба Ҷабҳаи муқовимати Аҳмади Масъуд иҷозатномаи фаъолият дод

© Пресс-служба Фаонда МасъудАхмад Масъуд
Ахмад Масъуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Обуна шудан
Ин дувумин дастоварди дипломатии Ҷабҳаи муқовимат аст, ки дар сатҳи байналмилалӣ ба даст меояд.
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Вазорати адлияи Амрико муҷаввизи ифтитоҳи намояндагии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд дар Вашингтонро содир кард.
Як раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Душанбе, ки нахост номаш зикр шавад, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, муҷаввиз барои ифтитоҳи намояндагии байналмилалии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Вашингтон аз сӯи Вазорати адлияи Амрико содиршуда ба он хотир иттифоқи бисёр муҳим аст, ки дар он кишвар ба нудрат чунин ҷавозе барои ҷабаҳоти сиёсӣ-низомӣ содир мешавад.

“Ин як гуна эътирофи Ҷабҳаи муқовимат аз сӯйи Амрикост. Аз ин ба баъд мо метавонем дар қаламрави ин кишвар озодона фаъолиятҳои сиёсии худро ба роҳ монем, аз ҷумла дафтару намояндагӣ ва марокизи ҳамлу нақл дар он кишвар дошта бошем, расман ҳамчун як ҷониб бо мақомоташ мулоқот кунем ва ҳам бо фаъолиятҳои молӣ, аз ҷумла ҷамъ кардани кумакҳои башардӯстона ва пул барои ҷабҳа машғул бошем”, - гуфт ӯ.

Ба қавли ӯ, ҳудуди даҳ рӯз қабл Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳамчунин муҷаввизеро аз Иттиҳоди Аврупо низ ба даст оварда, фаъолиятҳояшро дар Аврупо шуруъ карда буд.
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Аз Нур то Дӯстуму Масъуд: Русия аз нерӯҳои афғонистонӣ даъват мекунад, силоҳро гузоранд
Эътирофи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, танҳо нерӯи низомӣ-сиёсии мардумии Афғонистон дар ҳолест, ки ҷомиаи ҷаҳонӣ, ҳатто кишварҳои зоҳиран пуштибони “Толибон”* дуву ним моҳ ба ин сӯ аз эътирофи ҳукумати онҳо худдорӣ мекунанд.
Ин гурӯҳ ҳанӯз 15 августи соли равон Кобул – пойтахти Афғонистонро забт ва “Иморати исломӣ”-и худро эълон карда буд.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ҷабҳаи муқовимат дар ИМА чун агенти хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст: расонаҳо
Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад.
Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад.
Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо “Толибон”* муқовимат мекунанд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0