https://sputnik.tj/20210911/isfara-sud-baroi-duzdi-bozdosht-1042201526.html
Cокини Исфара, ки панҷ мартиба суд шуда буд, боз барои дуздӣ боздошт шуд
Cокини Исфара, ки панҷ мартиба суд шуда буд, боз барои дуздӣ боздошт шуд
Sputnik Тоҷикистон
Як сокини 42 солаи Исфара дар содир намудани силсиладуздии пулу моли сокинон аз сӯи мақомоти милитсия дастгир шудааст
2021-09-11T19:32+0500
2021-09-11T19:32+0500
2021-09-11T19:32+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дуздӣ
боздошт
маҳкум
милитсия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103041/07/1030410712_0:28:1374:801_1920x0_80_0_0_df57dc8577bb0d58b7dbb4421adf4458.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сен – Sputnik. Мақомоти милитсия дар ҳоле нисбати Абдунаим Махкамов, сокини 42 солаи ҷамоати Шӯроби шаҳри Исфара парванда боз намудаанд, ки дар содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад.Акбар Шарифӣ, масъули матбуотии РВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи парвандаи Махкамов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ин сокини шаҳри Исфара давоми моҳи август дар чанд ҳолат бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи сокинони шаҳри Конибодом даромада, пул ва ҷавоҳироти онҳоро рабудааст.“Санаи 4 август аз хонаи сокини ҷамоати Ҳ. Ортиқови шаҳри Конибодом 510 сомонӣ дуздидааст. Санаи 22 август аз хонаи як сокини дигар ҷавоҳироти тиллоӣ ҷамъ ба маблағи 9 ҳазор сомонӣ ва инчунин аз хонаи як сокини ҷамоати деҳоти Пӯлотони Конибодом ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ пул ва тилловорӣ дуздидааст”, - гуфт Шарифӣ.Бино ба иттилоъи манбаъ, Абдунаим Махкамов то ин замон панҷ маротиба дар солҳои 2003, 2006, 2009, 2017 ва ахиран соли 2019 бо ҷурми содир намудани дуздӣ маҳкум шуда буд, аамо аз ин кирдори худ даст накашидааст.Баъди ошкор шудани силсиладуздиҳо аз хонаҳои сокинони шаҳри Конибодом, мақомоти милитсия нисбати Махкамов бо моддаи 244 қисми 4 (дуздӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.Мабаъ таъкид доштааст, ки дар ҳоли ҳозир, тафтишоти ин парванда аз сӯи мақомоти милитсия идома дорад.
https://sputnik.tj/20210825/halokati-shahrvandi-afghoniston-dushanbe-sadama-1041869992.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103041/07/1030410712_135:0:1239:828_1920x0_80_0_0_ec7bc59e650c1ee12b24f5204798872b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, исфара, боздошт, дузд, дуздӣ, милитсия
тоҷикистон, исфара, боздошт, дузд, дуздӣ, милитсия
Cокини Исфара, ки панҷ мартиба суд шуда буд, боз барои дуздӣ боздошт шуд
Як сокини 42 солаи Исфара дар содир намудани силсиладуздии пулу моли сокинон аз сӯи мақомоти милитсия дастгир шудааст
ДУШАНБЕ, 11 сен – Sputnik. Мақомоти милитсия дар ҳоле нисбати Абдунаим Махкамов, сокини 42 солаи ҷамоати Шӯроби шаҳри Исфара парванда боз намудаанд, ки дар содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад.
Акбар Шарифӣ, масъули матбуотии РВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи парвандаи Махкамов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ин сокини шаҳри Исфара давоми моҳи август дар чанд ҳолат бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи сокинони шаҳри Конибодом даромада, пул ва ҷавоҳироти онҳоро рабудааст.
“Санаи 4 август аз хонаи сокини ҷамоати Ҳ. Ортиқови шаҳри Конибодом 510 сомонӣ дуздидааст. Санаи 22 август аз хонаи як сокини дигар ҷавоҳироти тиллоӣ ҷамъ ба маблағи 9 ҳазор сомонӣ ва инчунин аз хонаи як сокини ҷамоати деҳоти Пӯлотони Конибодом ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ пул ва тилловорӣ дуздидааст”, - гуфт Шарифӣ.
Бино ба иттилоъи манбаъ, Абдунаим Махкамов то ин замон панҷ маротиба дар солҳои 2003, 2006, 2009, 2017 ва ахиран соли 2019 бо ҷурми содир намудани дуздӣ маҳкум шуда буд, аамо аз ин кирдори худ даст накашидааст.
Баъди ошкор шудани силсиладуздиҳо аз хонаҳои сокинони шаҳри Конибодом, мақомоти милитсия нисбати Махкамов бо моддаи 244 қисми 4 (дуздӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.
Мабаъ таъкид доштааст, ки дар ҳоли ҳозир, тафтишоти ин парванда аз сӯи мақомоти милитсия идома дорад.