https://sputnik.tj/20210814/nahustin-iqdom-ato-muhammad-nur-maqomi-farmondeh-1041650495.html
Нахустин иқдоми Устод Ато дар мақоми фармондеҳ: Дӯстум аз ӯ ҷонибдорӣ кард - видео
Нахустин иқдоми Устод Ато дар мақоми фармондеҳ: Дӯстум аз ӯ ҷонибдорӣ кард - видео
Sputnik Тоҷикистон
Ато Муҳаммади Нур, раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон, аз ташкили марказҳои сабти ихтиёриён ба сафи басиҷи мардумӣ хабар дод
2021-08-14T16:17+0500
2021-08-14T16:17+0500
2021-08-14T20:17+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
осиёи марказӣ
ҷангиён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040940159_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_fd286fff4954e3678f72dc969b48ea84.jpg
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Ато Муҳаммади Нур, ки дар ҳамоиши чеҳраҳои шинохтаи шимоли Афғонистон фармондеҳи басиҷҳои мардумӣ интихоб гардид, аз таъсиси марказҳои сабти ихтиёриён барои муқовимат алайҳи Толибон* хабар дод.Барои сарҷамъии тамоми нерӯҳо алайҳи адӯи мардуми афғон ва ҳифзи қисматҳои шимоли кишвар созиш шуд, хабар додааст Sputnik Афғонистон.Маршал Дӯстум низ дар пайи ҳамоиши фармондеҳони шимоли Афғонистон изҳор доштааст, ки бо баҳои хун ҳам агар бошад бояд Балхро ҳифз кард. Ӯ гуфтааст, ки дар марҳилаи кунунӣ агар ба хиёнат роҳ диҳанд, барои ҳамеша дар хотири насли оянда хоин хоҳанд монд.Инчунин дар мавриди пуштибонии сипоҳи “Шоҳин” зери фармондеҳии генерал Забеҳулло Моманд аз нерӯҳои мардумӣ созиш шудааст.Ин дар ҳолест, ки Амруллоҳ Солеҳ, ноиби аввали раисиҷумҳури Афғонистон низ изҳор дошт, ки то охир алайҳи Толибон* мубориза хоҳад бурд ва шарту шароитеро, ки ҷангиёни ин ҳаракат "дикта" намоянд, қабул надорад.Бар гузоришҳои ахир қисмати шимолу шимоли шарқи Афғонистон ба дасти Толибон* гузашта, музофоти Панҷшер ва шаҳри Мазори Шариф аз ангуштшумор минтақаҳои калидии қисмати шимол мебошанд, ки Толибон* дар он ҳанӯз қудрат надоранд.*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210814/tolibon-osiyoi-markazi-suhbat-halabon-1041645140.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040940159_91:0:2822:2048_1920x0_80_0_0_cb3b455965c4c865d18b05a14c74e646.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ато муҳаммади нур, ҷамъияти исломӣ, афғонистон
ато муҳаммади нур, ҷамъияти исломӣ, афғонистон
Нахустин иқдоми Устод Ато дар мақоми фармондеҳ: Дӯстум аз ӯ ҷонибдорӣ кард - видео
16:17 14.08.2021 (Навсозишуда: 20:17 14.08.2021) Ато Муҳаммади Нур, раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон, аз ташкили марказҳои сабти ихтиёриён ба сафи басиҷи мардумӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Ато Муҳаммади Нур, ки дар ҳамоиши чеҳраҳои шинохтаи шимоли Афғонистон фармондеҳи басиҷҳои мардумӣ интихоб гардид, аз таъсиси марказҳои сабти ихтиёриён барои муқовимат алайҳи Толибон* хабар дод.
Барои сарҷамъии тамоми нерӯҳо алайҳи адӯи мардуми афғон ва ҳифзи қисматҳои шимоли кишвар созиш шуд, хабар додааст Sputnik Афғонистон.
Маршал Дӯстум низ дар пайи ҳамоиши фармондеҳони шимоли Афғонистон изҳор доштааст, ки бо баҳои хун ҳам агар бошад бояд Балхро ҳифз кард. Ӯ гуфтааст, ки дар марҳилаи кунунӣ агар ба хиёнат роҳ диҳанд, барои ҳамеша дар хотири насли оянда хоин хоҳанд монд.
Инчунин дар мавриди пуштибонии сипоҳи “Шоҳин” зери фармондеҳии генерал Забеҳулло Моманд аз нерӯҳои мардумӣ созиш шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Амруллоҳ Солеҳ, ноиби аввали раисиҷумҳури Афғонистон низ изҳор дошт, ки то охир алайҳи Толибон* мубориза хоҳад бурд ва шарту шароитеро, ки ҷангиёни ин ҳаракат "дикта" намоянд, қабул надорад.
Бар гузоришҳои ахир қисмати шимолу шимоли шарқи Афғонистон ба дасти Толибон* гузашта, музофоти Панҷшер ва шаҳри Мазори Шариф аз ангуштшумор минтақаҳои калидии қисмати шимол мебошанд, ки Толибон* дар он ҳанӯз қудрат надоранд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар