https://sputnik.tj/20210724/darhosti-amriko-osiyoi-markazi-panohandagoni-afghon-1041142145.html
Дархости Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои муваққатан ҷо додани паноҳандагони афғон
Дархости Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои муваққатан ҷо додани паноҳандагони афғон
Sputnik Тоҷикистон
ИМА аз мақомоти Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон хоҳиш намудааст, ки ҳудуди 9 ҳазор шаҳрванди Афғонистонро муваққатан ба кишварҳои худ қабул намоянд
2021-07-24T12:10+0500
2021-07-24T12:10+0500
2021-07-24T12:10+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
има
амрико
афғонистон
паноҳандагон
осиёи марказӣ
дархост
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0f/1040910062_256:0:1280:576_1920x0_80_0_0_cd6dcab64754eb1a19a44d9442c77ec5.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Амрико аз мақомоти се кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон Ӯзбекистон ва Қазоқистон дархост кардааст то муҳоҷирони афғонро муваққатан дар қаламрави худ ҷой диҳанд то раводиди онҳо барои сафар ба Амрико омода шавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Рейтерс”.Тибқи иттилои манбаъ, миёни паноҳандагони нафароне ҳастанд, ки қаблан бо нерӯҳои амрикоӣ ва ғарбӣ дар Афғонистон ҳамкорӣ мекарданд ва акнун бо хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, ҷонашон дар хатар аст.Ёдрас мешавем, ки Ҷо Байден, раисҷумҳурии Амрико чанд ҳафта пеш эълом кард, маъмурияти нерӯҳои кишвараш аз Афғонистон то 31 август хотима меёбад.Ҳамзамон бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ, ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон (маманӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) низ ба ҳамалоти худ афзуда ва дар ҳафтаҳои гузашта манотиқи васеъеро ба контроли худ даровардаанд.То кунун Қазоқистон ва Тоҷикистон ба дархости мақомоти амрикоӣ посухе надодаанд.Бояд қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 100 ҳазор афғонистонӣ дорои шароити муҳоҷират ба Амрико ҳастанд.
https://sputnik.tj/20210722/bayden-afghon-hamkori-amriko-intiqol-meshavand-1041107348.html
има
амрико
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0f/1040910062_486:0:1254:576_1920x0_80_0_0_22610d4364a8fc1c501862be9a4fdbbe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, амрико, паноҳандагон, ҷо додан, дархост
тоҷикистон, афғонистон, амрико, паноҳандагон, ҷо додан, дархост
Дархости Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои муваққатан ҷо додани паноҳандагони афғон
ИМА аз мақомоти Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон хоҳиш намудааст, ки ҳудуди 9 ҳазор шаҳрванди Афғонистонро муваққатан ба кишварҳои худ қабул намоянд
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Амрико аз мақомоти се кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон Ӯзбекистон ва Қазоқистон дархост кардааст то муҳоҷирони афғонро муваққатан дар қаламрави худ ҷой диҳанд то раводиди онҳо барои сафар ба Амрико омода шавад, иттилоъ додааст хабаргузории “
Рейтерс”.
Тибқи иттилои манбаъ, миёни паноҳандагони нафароне ҳастанд, ки қаблан бо нерӯҳои амрикоӣ ва ғарбӣ дар Афғонистон ҳамкорӣ мекарданд ва акнун бо хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, ҷонашон дар хатар аст.
Ёдрас мешавем, ки Ҷо Байден, раисҷумҳурии Амрико чанд ҳафта пеш эълом кард, маъмурияти нерӯҳои кишвараш аз Афғонистон то 31 август хотима меёбад.
Ҳамзамон бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ, ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон (маманӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) низ ба ҳамалоти худ афзуда ва дар ҳафтаҳои гузашта манотиқи васеъеро ба контроли худ даровардаанд.
То кунун Қазоқистон ва Тоҷикистон ба дархости мақомоти амрикоӣ посухе надодаанд.
Бояд қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 100 ҳазор афғонистонӣ дорои шароити муҳоҷират ба Амрико ҳастанд.