https://sputnik.tj/20210714/duzd-shirkt-aluminii-tojik-1040884087.html
Дуздӣ дар ширкати "Талко": ғоратгарон худи кормандони ин корхона буданд
Дуздӣ дар ширкати "Талко": ғоратгарон худи кормандони ин корхона буданд
Sputnik Тоҷикистон
Ду корманди ширкати алюминии "Талко" ба маблағи 17 380 сомонӣ ба корхона зарар расонданд
2021-07-14T15:40+0500
2021-07-14T15:40+0500
2021-07-14T15:42+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дуздӣ
"ширкати алюминийи тоҷик"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040334480_0:156:3000:1844_1920x0_80_0_0_7ebc2de4a89a59dabccb8ba5e0650597.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар "Ширкати алюминии тоҷик" ҷинояти дуздӣ сурат гирифтааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, аз корхонаи мазкур 11 ҳазор кило оҳанпора дузди шудааст.Зимнан, пас аз анҷом додани корҳои тафтишотӣ, кормандони милиса ду муттаҳам дар содир намудани ин ҷиноятро боздошт карданд.Ҳар ду боздоштшудаҳо кормандони 41 ва 36 - солаи "Ширкати алюминии тоҷик" мебошанд, ки яке сокини Ҳисор ва дигаре аз шаҳри Турсунзода аст.Гуфта мешавад, бо ин амали худ гумонбарон ба корхонаи мазкур 17 380 сомонӣ зарар расонданд. ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210629/dodgoh-hukm-hizmatchi-harbi-elon-1040517878.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040334480_167:0:2834:2000_1920x0_80_0_0_ac66a2427ab7625312495a1b96ce11e5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
талко дуздӣ
Дуздӣ дар ширкати "Талко": ғоратгарон худи кормандони ин корхона буданд
15:40 14.07.2021 (Навсозишуда: 15:42 14.07.2021) Ду корманди ширкати алюминии "Талко" ба маблағи 17 380 сомонӣ ба корхона зарар расонданд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар "Ширкати алюминии тоҷик" ҷинояти дуздӣ сурат гирифтааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, аз корхонаи мазкур 11 ҳазор кило оҳанпора дузди шудааст.
Зимнан, пас аз анҷом додани корҳои тафтишотӣ, кормандони милиса ду муттаҳам дар содир намудани ин ҷиноятро боздошт карданд.
Ҳар ду боздоштшудаҳо кормандони 41 ва 36 - солаи "Ширкати алюминии тоҷик" мебошанд, ки яке сокини Ҳисор ва дигаре аз шаҳри Турсунзода аст.
"Номбурдагон, нисфирӯзи 30 июн, тақрибан соати 14:00 дақиқа бо роҳи пинҳонӣ бо воситаи автомашинаи хизматии "Камаз", ки ба ин корхона тааллуқ дорад, 11 000 кило оҳанпораро дуздидаанд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Гуфта мешавад, бо ин амали худ гумонбарон ба корхонаи мазкур 17 380 сомонӣ зарар расонданд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.