https://sputnik.tj/20210705/maqomdor-bda-bozdosht-koraftoda-pul-1040645459.html
Мақомдори БДА боздошт шуд: аз корафтода пул талаб кард
Мақомдори БДА боздошт шуд: аз корафтода пул талаб кард
Sputnik Тоҷикистон
Нисбати ин мақомдори БДА ва як бозраси дигар барои гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст
2021-07-05T12:37+0500
2021-07-05T12:37+0500
2021-07-07T18:37+0500
дар тоҷикистон
бда
оҷонсии зидди фасод
пора
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102443/18/1024431806_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_036d1b44fc3090273a4de57add31c159.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод аз боздошти як корманди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар гирифтани ришва муттаҳам дониста мешавад.Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, боздоштшуда Муродализода М.М. муовини сардори Шӯъбаи бақайдгирии имтиҳоноти Раёсати БДА Вазори умури дохилаи Тоҷикистон мебошад.Гуфта мешавад, номбурда барои омода намудани шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи "В" аз як корафтода 3800 сомонӣ талаб намудааст.Манбаъ меафзояд, муовини сардори шӯъбаи мазкур хост тавассути як бозрас бо номи Юнусов У.Ҳ маблағи дархостиро ба даст орад, аммо аз ҷониби кормандони Оҷонсии зидди фасод боздошт гардид.Феълан, нисбати боздоштшуда бо моддаи 319 қисми 1 ва нисбати бозрас бо моддаҳои 36 қисми 5 ва 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ, парвандаи ҳар ду боздоштшуда ба суд ирсол мешавад.
https://sputnik.tj/20210402/pora-ozod-khizmat-harbi-1033120613.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102443/18/1024431806_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_40153fc7b0df186129e02b031e9e6365.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бда тоҷикистон оҷонсии зидди фасод
бда тоҷикистон оҷонсии зидди фасод
Мақомдори БДА боздошт шуд: аз корафтода пул талаб кард
12:37 05.07.2021 (Навсозишуда: 18:37 07.07.2021) Нисбати ин мақомдори БДА ва як бозраси дигар барои гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод аз боздошти як корманди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар гирифтани ришва муттаҳам дониста мешавад.
Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, боздоштшуда Муродализода М.М. муовини сардори Шӯъбаи бақайдгирии имтиҳоноти Раёсати БДА Вазори умури дохилаи Тоҷикистон мебошад.
Гуфта мешавад, номбурда барои омода намудани шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи "В" аз як корафтода 3800 сомонӣ талаб намудааст.
Манбаъ меафзояд, муовини сардори шӯъбаи мазкур хост тавассути як бозрас бо номи Юнусов У.Ҳ маблағи дархостиро ба даст орад, аммо аз ҷониби кормандони Оҷонсии зидди фасод боздошт гардид.
Феълан, нисбати боздоштшуда бо моддаи 319 қисми 1 ва нисбати бозрас бо моддаҳои 36 қисми 5 ва 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ, парвандаи ҳар ду боздоштшуда ба суд ирсол мешавад.