"Боздошт бо изи гарм": Дар Тоҷикистон низоми электронии бақайдгирии ҷиноятҳо роҳандозӣ шуд

© Sputnik / Амир ИсаевТаджикские милиционеры, архивное фото
Таджикские милиционеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2021
Обуна шудан
Барои роҳандозии низоми электронии бақайдгирии ҷиноёт, 662 ҳазор доллар масраф шудааст
ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низоми электронии бақайдгирии ҷиноятҳоро роҳандозӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин ниҳод.
Гуфта мешавад, ки ин тарҳ дар ҳамкорӣ бо сафорати ИМА дар Тоҷикистон сари кор омадааст.
Барои роҳандозии низоми электронии бақайдгирии ҷиноёт, 662 ҳазор доллар масраф шудааст.
Низоми мазкур ба таври таҷрибавӣ дар ҳудуди ШВКД-ҳои шаҳри Душанбе ҷорӣ гардида, минбаъд дар тамоми ҷумҳурӣ паҳн мегардад, афзудааст манбаъ.
Сотрудники ГАИ города Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Дар Суғд милисаҳо амалиёти Маданияти шаҳрдорӣ мегузаронанд
Лоиҳа ҳамчунин, омӯзиши беш аз 275 корманди Вазорати корҳои дохилиро пешбинӣ мекунад.
"Бо итминони комил метавон гуфт, ки истифодаи технологияи муосири электронӣ дар фаъолити милитсия корро осон ва сифатноку самаранок гардонида, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии ислоҳоти милитсия заминаи мусоид фароҳам меорад", - омадааст дар хабарномаи ВКД.
Мақсади асосии ин тарҳ, беҳтар намудани хизматрасонии милитсия ба аҳолӣ, шароити мусоиди корӣ барои кормандон дар асоси техналогияҳои муосир, саривақт ва бо изи гарм ошкор кардани ҷиноят ва дастгиркунии ҷинояткорон, гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0