Таъсиси нуқтаи ҳамкорӣ барои мубориза бо савдои одамон дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон

© Sputnik / Амир ИсаевКПП "Равот" на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото
КПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Обуна шудан
Идораи робитаҳои сарҳадӣ барои мубодилаи иттилоот байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва гумрук дар ҳарду тарафи марз, бо мақсади мубориза бо қочоқи одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қочоқи ғайриқонунӣ, мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 20 мая — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ду Идораи робитаҳои сарҳадӣ дар истгоҳҳои роҳи оҳани Пахтаобод (Тоҷикистон) ва Кудуклӣ (Ӯзбекистон) ифтитоҳ шуд.
Идораи робитаҳои сарҳадӣ бо дастгирии Дафтари минтақавии СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон сохта шудааст.
Тибқи иттилои дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, маросими ифтитоҳи Идораи робитаҳои сарҳадӣ дар гузаргоҳи Пахтаобод ва Кудуклӣ баргузор шуд, ки дар ҷараёни он намояндагони ҷонибҳо шаҳодатномаҳои қабулро имзо карданд.
Ҳабибулло Воҳидзода Директор АКН РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Назорати маводи мухаддир пурзӯр мешавад: Стратегияи нави Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Ашита Миттал, намояндаи минтақавии UNODC дар Осиёи Марказӣ, зимни суханронияш дар ифтитоҳи ин идораҳо дар гузаргоҳҳои роҳи оҳан дар марзи байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, изҳори умедворӣ кард, ки ин иқдом ба рушди минбаъдаи ҳамкории самарабахши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду давлат ва дар ниҳоят ба тақвияти амнияти марз оварда мерасонад.
Гуфта мешавад, таъсиси Идораи робитаҳои сарҳадӣ дар як қатор гузаргоҳҳои Осиёи Марказӣ ба ташаккули заминаи ҳамкориҳои минбаъдаи самарабахши байниидоравӣ ва наздисарҳадӣ, инчунин табодули иттилоот барои муқовимати самараноки ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ мусоидат мекунад.
Он ҳамзамон ба афзоиши тиҷорати қонунии байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Уничтожение наркотических средств в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Ӯзбекистон барои қочоқи маводи мухаддир - видео
Ба иттилои манбаъ, то ин рӯз 19 Идораи робитаҳои сарҳадӣ дар марзҳои Тоҷикистону Афғонистон, Ӯзбекистон-Афғонистон, Тоҷикистон-Ӯзбекистон, Қирғизистон-Тоҷикистон, Қирғизистон-Ӯзбекистон, Қирғизистон-Қазоқистон ва Қазоқистон-Ӯзбекистон таъсис дода шудааст.
Ба таъкиди манбаъ, идораи робитаҳои сарҳадӣ дар доираи лоиҳаи "Мубориза бо ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии терроризм" -и СММ ҳамчун як ҷузъи тақвияти ҳамкориҳои наздимарзӣ, ки ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мудаддири афғонӣ бунёд шудааст.
Лентаи хабарҳо
0