Вокуниши Қирғизистон ба хабарҳои латукӯби тоҷикистониён дар Ошу Бишкек

© Sputnik / Табылды КадырбековМеждународный аэропорт "МАНАС"
Международный аэропорт МАНАС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
Обуна шудан
Қирғизистон ба иддаои бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳомии ҳуқуқ Валентина Чупик дар мавриди бархӯрди номатлуб ба тоҷикон дар фурудгоҳҳои Ошу Бишкек вокуниш нишон додааст
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон иттилоъ дар бораи боздошту латукӯб шудани тоҷикон дар фурудгоҳҳои Бишкек ва Ошро рад кард.
Қаблан як фаъоли ҳуқуқи башар аз Русия Валентина Чупик изҳор дошта буд, ки нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Қирғизистон амалҳои номатлуб раво дида мешаванд.
"Маълумот воқеият надошта, кӯшиши барангехтани адовати байни миллатҳо мебошад", - омадааст дар изҳороти КДАМ Қирғизистон.
Манбаъ таъкид кардааст, ки убури шаҳрвандон аз сарҳади давлатии Қирғизистон ба тариқи умум бидуни тақсим ба шаҳрвандӣ, миллат, нажод ва қавм сурат мегирад.
Дар иттилоия омадааст, ки бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз фурудгоҳҳои Қирғизистон истифода мебаранд, транзит дар ду масир ташкил карда шудааст:
“Шаҳрвандони Тоҷикистон ба гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистон интиқол дода мешаванд. Дувум тариқи гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон - "Бордебо-Автодорожнйй" ва "Карамик-Автодорожнйй" ба марзбонони тоҷик супорида мешаванд”, - омадааст дар иттилоияи КДАМ Қирғизистон.
Таъкид шудааст, ки дар ҳарду ҳолат, шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути автобусҳои ҷониби Қирғизистон интиқол дода мешаванд ва ин чораҳо аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун шароити мувофиқ пазируфта мешаванд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон истифодаи фурудгоҳҳои Қирғизистонро идома медиҳанд, ки ин шаҳодати бечунучарои амнияти онҳо дар қаламрави Қирғизистон мебошад, таъкид кардааст КДАМ.
 Избранный президент Кыргызстана Садыр Жапаров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
Президенти Қирғизистон ба деҳоти осебдида дар муноқишаи марзӣ меравад
Ин дар ҳолест, ки шикоятҳо аз амали номатлуби мақомдорони қирғиз алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон вақтҳои охир зиёд нашр мешаванду ҳомии ҳуқуқ Валентина Чупик низ аз он изҳори нигаронӣ кард.
Нашрияи “СССР” аз ҷумла саргузашти Хурсандмурод Ҳомидов, зодаи шаҳри Душанберо овардааст, ки ҳангоми парвоз тариқи Ош мавриди латукӯб ва тамаъҷӯӣ қарор гирифтааст.
Ҳомидов изҳор доштааст, ки ӯ ва 19 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 2 нафарашон зан буданд, шаби 30 апрел тариқи хатсайри Санкт-Петербург-Оши ширкати ҳавопаймоии “Уралские авиалинии” парвоз намуда, соати 03:00 дақиқа дар фурудгоҳи шаҳри Ош фуруд омада, бо бархӯрди баду дағал, фиребу латукӯб ва тамаъҷӯиӣ қирғизҳо рӯбарӯ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0