https://sputnik.tj/20210410/suporishi-rahmon-ba-rahbariyati-sughd-baroi-kohishi-muhojirat-1035251017.html
Супориши Раҳмон ба раҳбарияти Суғд барои коҳиши муҳоҷират: соҳибкоронро дастгирӣ кунед
Супориши Раҳмон ба раҳбарияти Суғд барои коҳиши муҳоҷират: соҳибкоронро дастгирӣ кунед
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 10 апрел - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро барои дастгирии соҳибкорон
2021-04-10T21:05+0500
2021-04-10T21:05+0500
2021-04-12T14:18+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
эмомалӣ раҳмон
коҳиш
дастгирӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1e/1033098715_0:0:1620:912_1920x0_80_0_0_a225bf5ee28c001a84cbcea0bd10c9a6.jpg
ДУШАНБЕ, 10 апрел - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро барои дастгирии соҳибкорон вазифадор кард, менависад котиботи раисиҷумҳур.Президент масъулинро вазифадор кард, ки ташаббусҳои соҳибкоронро ҷиҳати бунёди корхонаҳои парандапарварӣ ва моҳипарварӣ минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.Масъалаи ташкил ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ омили муҳимми ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ гуфта шуд.Соли 2020 дар ин самт дар вилоят беш аз 47 ҳазор ҷойи нави кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шудааст.Дар ин росто, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки бо роҳи бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, дастгириву ҳавасманд намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин, пардохти саривақтии музди меҳнат тадбирҳои мушаххас андешанд.Дар кори машварат ҳамчунин баъзе масъалаҳои муҳими вобаста ба риояи қонуният, интизоми молиявӣ ва хизматӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро таҳлил карда, барои пешгирии ҷиноят ва қонуншиканиҳо дар ин самт роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои ислоҳи онҳо вазифадор кард.
https://sputnik.tj/20210410/baroi-muhojiron-sharoit-faroham-kuned-1035212957.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1e/1033098715_51:0:1491:1080_1920x0_80_0_0_f368ad6af2e90bad5558d60e27a0d2c1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, супориш, муҳоҷират, коҳиш
эмомалӣ раҳмон, супориш, муҳоҷират, коҳиш
Супориши Раҳмон ба раҳбарияти Суғд барои коҳиши муҳоҷират: соҳибкоронро дастгирӣ кунед
21:05 10.04.2021 (Навсозишуда: 14:18 12.04.2021) Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот кард ва барои коҳиш додани муҳоҷират супориш дод
ДУШАНБЕ, 10 апрел - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро барои дастгирии соҳибкорон вазифадор кард, менависад котиботи раисиҷумҳур.
Президент масъулинро вазифадор кард, ки ташаббусҳои соҳибкоронро ҷиҳати бунёди корхонаҳои парандапарварӣ ва моҳипарварӣ минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.
Масъалаи ташкил ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ омили муҳимми ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ гуфта шуд.
Соли 2020 дар ин самт дар вилоят беш аз 47 ҳазор ҷойи нави кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шудааст.
Дар ин росто, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки бо роҳи бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, дастгириву ҳавасманд намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин, пардохти саривақтии музди меҳнат тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар кори машварат ҳамчунин баъзе масъалаҳои муҳими вобаста ба риояи қонуният, интизоми молиявӣ ва хизматӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро таҳлил карда, барои пешгирии ҷиноят ва қонуншиканиҳо дар ин самт роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои ислоҳи онҳо вазифадор кард.