Баргузории амалиёти “Ҳавои тоза” дар Хуҷанд: ВУД нигарони экологияи шаҳр шудааст

© Sputnik / Амир ИсаевСотрудники милиции общаются с водителем в Душанбе
Сотрудники милиции общаются с водителем в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Обуна шудан
Бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ва ҷалби нозирони бахши экологияи милитсия дар шаҳри Хучанд аксия-амалиёти мақсаднок таҳти унвони “Ҳавои тоза” баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд таъкид доштааст, ки дар  амалиёти мазкур зиёда аз 40 адад мошинҳо нигоҳ дошта шуда, бо истифода аз дастгоҳҳои махсус аз муоинаи экологӣ гузаронида шуданд.
Шакал - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2020
Маҳви 9 шағол дар Хуҷанд: амалиёт алайҳи ҳайвонҳои ваҳшӣ идома дорад
Гуфта шудааст, ки иқдоми мазкур бо мақсади кам кардани таъсири зарароварии ихроҷи газҳои нақлиёти автомобилӣ ва дигар намуди сӯзишворӣ ба муҳити атроф роҳандозӣ карда шудааст.
Боздошти нашъаҷаллобону амалиёт: азми Рустам Эмомалӣ дар мубориза бо нашъа
Мақомоти шаҳри Хуҷанд қайд кардааст, ки дар ҷараёни амалиёти “Ҳавои тоза” ба вайронкунандагони қонун ҷиҳати бартараф намудани он дастурҳо дода шуда, нисбат ба якчанд нафар санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Зикр шудааст, ки ташкили чунин чорабиниҳо ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки аз ҳавои софу беғубор ва тозаи муҳити атроф нафас гиранд.
Лентаи хабарҳо
0