https://sputnik.tj/20210302/tojikiston-vaksina-astraZeneca-tasdik-1032920933.html
Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca - ро тасдиқ кард ва моҳи март онро дастрас мекунад
Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca - ро тасдиқ кард ва моҳи март онро дастрас мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад моҳи ҷорӣ Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX дасти кам 732 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneca - ро дастрас кунад 02.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-02T11:15+0500
2021-03-02T11:15+0500
2021-08-10T16:01+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
ваксина
тасдиқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032759697_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_8f78d67aac1c233642ee7a40fb5ef546.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca-ро, ки бояд тибқи механизми COVAX қабул намояд, аллакай тасдиқ кард. Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.Ба таъкиди Ҷафаров, ваксини мазкур моҳи ҷорӣ ба Тоҷикистон ворид мешавад.Вай гуфт, ки истеҳсолкунандаи асосии ваксинаи AstraZeneca дар Бритониёи Кабир ҷойгир аст, аммо онро дар корхонаҳои Ҳиндустон ва Кореяи Ҷанубӣ, ки созишномаи имзошудаи ҷониби Тоҷикистон ба он ҷо фиристода мешавад, низ истеҳсол мекунанд. Наврӯз Ҷаъфаров мегӯяд дар мавриди интиқол ва нигоҳдории ваксин мушкилӣ пеш намеояд, зеро воситаҳои нақлиёт барои интиқол ва ҳамчунин макони нигаҳдории он аллакай омода шудааст.Ба гуфтаи вай, ҳоло дар Тоҷикистон рӯйхатҳои шахсоне тартиб дода мешавад, ки аввалин шуда бар зидди коронавирус эм карда мешаванд.Сардори Вазорати тандурустӣ гуфт, ки дар доираи механизми COVAX, эмкунии 20% аҳолии кишвар ба нақша гирифта шудааст. Нахуст гурӯҳҳои осебпазир, ки ба онҳо шаҳрвандони аз 70-сола боло, кормандони соҳаи тандурустӣ, кормандони гумрук ва нерӯҳои марзӣ шомиланд, эм мегиранд.Ба гуфтаи вай, дар марҳилаи дуввум афроди аз 60-сола боло, баъд аз он - синнашон аз 50 боло эм карда мешаванд. Боқимондаи 42,5% аҳолӣ бо дигар доруҳое, ки Тоҷикистон онро дастрас мекунад, эм хоҳанд шуд.Қаблан вазири тандурустии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллоев зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки дар масъалаи дастрас кардани ваксинаи сохти Русия, "Спутник V" ҳоло намояндагони ҳар ду кишвар машваратҳо баргузор мекунанд ва ба эҳтимоли зиёд ин ваксина низ ба Тоҷикистон ворид мешавад.
https://sputnik.tj/20210213/bonk-jahon-tojikiston-kharid-vaksina-mablaq-1032818278.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032759697_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_122169a623b8965933dca60489cad226.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тандурустӣ, ваксина, тасдиқ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тандурустӣ, ваксина, тасдиқ
Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca - ро тасдиқ кард ва моҳи март онро дастрас мекунад
11:15 02.03.2021 (Навсозишуда: 16:01 10.08.2021) Интизор меравад моҳи ҷорӣ Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX дасти кам 732 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneca - ро дастрас кунад
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca-ро, ки бояд тибқи механизми COVAX қабул намояд, аллакай тасдиқ кард. Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба таъкиди Ҷафаров, ваксини мазкур моҳи ҷорӣ ба Тоҷикистон ворид мешавад.
"Тоҷикистон ваксинаи коронавирусро тасдиқ кард ва онро бояд тибқи механизми COVAX гирем. Ин AstraZeneca аст, ва моҳи март 732 ҳазор вояи он ба Тоҷикистон ворид мешавад. Феълан ҷониби Тоҷикистон шартнома имзо карда, ба истеҳсолкунанда фиристодааст", - гуфт Ҷаъфаров.
Вай гуфт, ки истеҳсолкунандаи асосии ваксинаи AstraZeneca дар Бритониёи Кабир ҷойгир аст, аммо онро дар корхонаҳои Ҳиндустон ва Кореяи Ҷанубӣ, ки созишномаи имзошудаи ҷониби Тоҷикистон ба он ҷо фиристода мешавад, низ истеҳсол мекунанд.
Наврӯз Ҷаъфаров мегӯяд дар мавриди интиқол ва нигоҳдории ваксин мушкилӣ пеш намеояд, зеро воситаҳои нақлиёт барои интиқол ва ҳамчунин макони нигаҳдории он аллакай омода шудааст.
Ба гуфтаи вай, ҳоло дар Тоҷикистон рӯйхатҳои шахсоне тартиб дода мешавад, ки аввалин шуда бар зидди коронавирус эм карда мешаванд.
Сардори Вазорати тандурустӣ гуфт, ки дар доираи механизми COVAX, эмкунии 20% аҳолии кишвар ба нақша гирифта шудааст. Нахуст гурӯҳҳои осебпазир, ки ба онҳо шаҳрвандони аз 70-сола боло, кормандони соҳаи тандурустӣ, кормандони гумрук ва нерӯҳои марзӣ шомиланд, эм мегиранд.
Ба гуфтаи вай, дар марҳилаи дуввум афроди аз 60-сола боло, баъд аз он - синнашон аз 50 боло эм карда мешаванд. Боқимондаи 42,5% аҳолӣ бо дигар доруҳое, ки Тоҷикистон онро дастрас мекунад, эм хоҳанд шуд.
Қаблан вазири тандурустии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллоев зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки дар масъалаи дастрас кардани ваксинаи сохти Русия, "Спутник V" ҳоло намояндагони ҳар ду кишвар машваратҳо баргузор мекунанд ва ба эҳтимоли зиёд ин ваксина низ ба Тоҷикистон ворид мешавад.