https://sputnik.tj/20210219/sukhtor-bozor-sultoni-kabir-sohibkor-gunakor-1032854773.html
Дар сӯхтори бозори "Султони Кабир" соҳибкор гунаҳкор аст: вазир аз ҳабси ду нафар гуфт
Дар сӯхтори бозори "Султони Кабир" соҳибкор гунаҳкор аст: вазир аз ҳабси ду нафар гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода Вазири умури дохилаи Тоҷикистон, омили асосии сар задани сӯхтор дар бозори "Султони Кабир"- ро шарҳ дод 19.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-19T12:40+0500
2021-02-19T12:40+0500
2021-02-19T12:50+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
султони кабир
сӯхтор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103141/53/1031415395_0:149:2840:1747_1920x0_80_0_0_e77d10079d405b079f0b529f0666f041.jpg
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Сӯхтори шадид дар бозори "Султони Кабир" ба айби соҳибкор рух додааст, гуфт Вазири умури дохилаи Тоҷикистон.Рамазон Раҳимзода имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, сӯхтор дар бозори мазкур аз беэҳтиётии як соҳибкор сар задааст.Ӯ гуфт, омили асосии оташсӯзӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳо будааст.Дар робита ба ин ҳодиса, вазири тоҷик аз ҳабси ду нафар хабар дод ва гуфт, ки онҳо барои содир кардани кирдори ғайриқонунӣ ва ба ҷамъият хавфнок муттаҳам дониста мешаванд.Ёдовар мешавем, ки сӯхтор дар бозори "Султони Кабир" рӯзи 25 январ рух дод ва ҳаҷми умумии зарари расонидашуда, 800 ҳазор сомонӣ мебошад.Гуфта мешуд, ки сӯхторнишонон молу маҳсулоти амрдумро ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ аз сӯхтор наҷот доданд.Бояд қайд кард,ки давоми се соли ахир дар бозори "Султони Кабир" аллакай маротибаи дуюм сӯхтор сар задааст. Дар оташсӯзии моҳи июни соли 2018 бистуяк мағозаву дӯкони ин бозор ба коми оташ рафта буд.Сипоси Кабиров ба Раҳимзода: агар шумо намебудед, бозор пурра месӯхт"Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ мебошад, ки соли 2000 бунёд шуда, дар он 1700 соҳибкор кор мекунанд.Қаблан, раиси бозори мазкур ба Вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар робита ба ҳузур доштани ӯ дар рафти оташсӯзӣ дар бозор изҳори миннатдорӣ намуд, гуфт, "агар ҷонфидоии кормандон, ба вежа раҳбарияти ВУД намебуд, хатари пурра ба коми сӯхтор фурӯ рафтани бахши аъзами бозори "Султони Кабир" вуҷуд дошт".
https://sputnik.tj/20210125/Tafsilot-sukhtor-Sultoni-Kabir-1032685045.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103141/53/1031415395_156:0:2684:1896_1920x0_80_0_0_2e4f9fd8575b5453001a05c77ab2fa7f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, султони кабир, сӯхтор
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, султони кабир, сӯхтор
Дар сӯхтори бозори "Султони Кабир" соҳибкор гунаҳкор аст: вазир аз ҳабси ду нафар гуфт
12:40 19.02.2021 (Навсозишуда: 12:50 19.02.2021) Рамазон Раҳимзода Вазири умури дохилаи Тоҷикистон, омили асосии сар задани сӯхтор дар бозори "Султони Кабир"- ро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Сӯхтори шадид дар бозори "Султони Кабир" ба айби соҳибкор рух додааст, гуфт Вазири умури дохилаи Тоҷикистон.
Рамазон Раҳимзода имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, сӯхтор дар бозори мазкур аз беэҳтиётии як соҳибкор сар задааст.
Ӯ гуфт, омили асосии оташсӯзӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳо будааст.
Дар робита ба ин ҳодиса, вазири тоҷик аз ҳабси ду нафар хабар дод ва гуфт, ки онҳо барои содир кардани кирдори ғайриқонунӣ ва ба ҷамъият хавфнок муттаҳам дониста мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки сӯхтор дар бозори "Султони Кабир" рӯзи 25 январ рух дод ва ҳаҷми умумии зарари расонидашуда, 800 ҳазор сомонӣ мебошад.
Гуфта мешуд, ки сӯхторнишонон молу маҳсулоти амрдумро ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ аз сӯхтор наҷот доданд.
Бояд қайд кард,ки давоми се соли ахир дар бозори "Султони Кабир" аллакай маротибаи дуюм сӯхтор сар задааст. Дар оташсӯзии моҳи июни соли 2018 бистуяк мағозаву дӯкони ин бозор ба коми оташ рафта буд.
"Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ мебошад, ки соли 2000 бунёд шуда, дар он 1700 соҳибкор кор мекунанд.
Қаблан, раиси бозори мазкур ба Вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар робита ба ҳузур доштани ӯ дар рафти оташсӯзӣ дар бозор изҳори миннатдорӣ намуд, гуфт, "агар ҷонфидоии кормандон, ба вежа раҳбарияти ВУД намебуд, хатари пурра ба коми сӯхтор фурӯ рафтани бахши аъзами бозори "Султони Кабир" вуҷуд дошт".