https://sputnik.tj/20210213/kallob-zamin-dollar-koraftoda-1032819133.html
Қаллобӣ бо кӯмаки собиқ раиси идораи замин: 13 ҳазор доллари корафтодаро азхуд карданд
Қаллобӣ бо кӯмаки собиқ раиси идораи замин: 13 ҳазор доллари корафтодаро азхуд карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар парвандаи сокини 48 - солаи шаҳри Хуҷанд, номи собиқ раиси Кумитаи идораи замин низ доғдор аст 13.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-13T13:40+0500
2021-02-13T13:40+0500
2021-04-19T17:02+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
хуҷанд
қаллобӣ
замин
боздошт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/09/1031868614_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_a29bf136725b511027a364eecd34c1b3.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти сокини 48 - солаи шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, ки дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ муттаҳам дониста мешавад.Ба иттилои манбаъ, сокини маҳаллаи Чашмаи шаҳри Хуҷанд ба як корафтода замини наздиҳавлигӣ ваъда дода, маблағашро азхуд кард.Дар парвандаи ин нафар номи собиқ раиси Кумитаи идораи замин дар шаҳри Хуҷанд низ доғдор аст.Манбаъ меафзояд, сокини Хуҷанд соли 2015, бо маслиҳати пешакӣ бо собиқ Раиси кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд, бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо баҳонаи гирифта додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди маҳаллаи 14-уми шаҳри Хуҷанд, аз ӯ маблағи калон талаб кард.Ваъда кард, ки аз Амрико "Тайота-Каролла" мебиёрад: боздошти қаллоб дар ДушанбеГуфта мешавад, корафтода ба умеди соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудан, ба ӯ 13 ҳазор доллари амрикоӣ дод, аммо кораш барор нагирифт. Баръакс маблағи масрафкарда барои замин барбод рафт.ВУДТоҷикистон мегӯяд, оид ба ин ҳодиса нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210212/sughd-paigard-sarrof-muhojir-pul-1032817258.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/09/1031868614_79:0:2810:2048_1920x0_80_0_0_51cd77f3f3e36092a7da256a9c89b580.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, хуҷанд, қаллобӣ, замин, боздошт
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, хуҷанд, қаллобӣ, замин, боздошт
Қаллобӣ бо кӯмаки собиқ раиси идораи замин: 13 ҳазор доллари корафтодаро азхуд карданд
13:40 13.02.2021 (Навсозишуда: 17:02 19.04.2021) Дар парвандаи сокини 48 - солаи шаҳри Хуҷанд, номи собиқ раиси Кумитаи идораи замин низ доғдор аст
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти сокини 48 - солаи шаҳри Хуҷанд
хабар медиҳад, ки дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ муттаҳам дониста мешавад.
Ба иттилои манбаъ, сокини маҳаллаи Чашмаи шаҳри Хуҷанд ба як корафтода замини наздиҳавлигӣ ваъда дода, маблағашро азхуд кард.
Дар парвандаи ин нафар номи собиқ раиси Кумитаи идораи замин дар шаҳри Хуҷанд низ доғдор аст.
Манбаъ меафзояд, сокини Хуҷанд соли 2015, бо маслиҳати пешакӣ бо собиқ Раиси кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд, бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо баҳонаи гирифта додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди маҳаллаи 14-уми шаҳри Хуҷанд, аз ӯ маблағи калон талаб кард.
Гуфта мешавад, корафтода ба умеди соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудан, ба ӯ 13 ҳазор доллари амрикоӣ дод, аммо кораш барор нагирифт. Баръакс маблағи масрафкарда барои замин барбод рафт.
ВУДТоҷикистон мегӯяд, оид ба ин ҳодиса нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.