Дар Майами, дар ҷанубу шарқи Флорида, байни муштзани тоҷик Меҳрубон Сангинов ва Куинси Лаваллеи амрикоӣ рақобат баргузор шуд.
Муборизаи шадид бо пирӯзии Сангинов хотима ёфт. Ҳамин тариқ, ӯ унвони қаҳрамонии WBA NABA-ро дар вазни сабук ба даст овард.
Сангинов дар тӯли карераи муштзаниаш 9 маротиба ба майдон баромада 8 пирӯзӣ ва як мусовӣ дорад.
Ягона муборизаи Сангинов бо варзишкори амрикоӣ Фред Уилсони хурдӣ соли 2019 мусовӣ анҷом ёфта буд.
Муштзани шинохтаи кишвар дар рақобати пешинаш низ Мигел Лопесои мексикоиро бо маҳорати зебо шикаст дода буд.
Муштзан аз соли 2016 дар сатҳи касбӣ баромад мекунад. Моҳи сентябри соли 2017, ӯ қаҳрамони ҷаҳонии WBC шуд.Аз соли 2017 Сангинов раиси Федератсияи бокс дар Душанбе мебошад.