ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Посгоҳҳои амниятии Чину Тоҷикистон дар марзи вилояти Бадахшон дар шимолу шарқи Афғонистон афзоиш ёфта аст ва 400 нерӯи марзии афғон низ маъмурияти ҳифзи амнияти ин манотиқро ӯҳдадор ҳастанд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз телевизиюни Ориёнои Афғонистон.
Манбаъ қайд кардааст, ки бо ин ҳол нерӯҳои марзии Афғонистон бо камбуди таҷҳизоти ин кишвар дасту панҷа нарм мекунанд.
Усома Вардуҷӣ, яке аз нерӯҳои марзӣ дар вилояти Бадахшон мегӯяд: “Вақте сарбозони чину тоҷикистониро бо таҷҳизоти бисёр мебинем ва муқоиса мекунем комилан маъюс мешавем”.
Манбаъ зикр кардааст, ки пеш аз ин давлати Чин хостори ташкили нерӯи муштарак барои барқарории амният дар марзҳои Афғонистон шуда буд, аммо бо мухолифати Амрико ин иқдом ба саранҷом нарасид.
Гуфта шудааст, ки кишварҳои Чин, Тоҷикистон ва Афғонистон ситоди муштараки муташаккил аз 150 нерӯро бо ҳимояти молии давлати Пекин дар марз доранд, ки вазифааш мудирият ва коҳиши таҳдидҳои марзӣ аст.
Вилояти Бадахшон дар шимолу шарқи Афғонистон даҳҳо километр марзи муштарак бо вилояти мусулмоннишини Уйғуристони Чин дорад, ки гурӯҳи исломгарои Туркистони шарқӣ дар он фаъол ҳастанд ва садҳо нафар аз онҷо ба гуруҳи террористии ДИИШ (маманӯъ дар Тоҷикистон) дар Ироқу Сурия пайвастаанд.