ДУШАНБЕ, 10 янв – Sputnik. Соли гузашта дар Ӯзбекистон ҳокимияти маҳаллӣ ғайриқонунӣ 24 объекти фарҳангиро фурӯхтааст, хабар медиҳад Podrobno.uz.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар Тошканд раҳбари Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков хабар дод.
Ба гуфтаи вай, дар соли 2020 фурӯши ғайриқонунии объекти фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон сабт шудааст.
Маълум шуд, ки ҳамаи объектҳо қаблан ба тавозуни мақомоти маҳаллӣ дода шуда буданд.
"Аммо дар ниҳоят, онҳо бидуни мувофиқа бо Вазорати фарҳанг фурӯхта шуданд", - гуфт вазир.
Вай афзуд, ки ҳашт объекти фарҳангӣ дар Қарақалпоқистон ва вилояти Сурхондарё, 13 объекти дигар дар вилояти Фарғона ва сеи дигар дар Тошканд ҷойгиранд.
"Қонун дар бораи фаъолияти фарҳангӣ ва созмонҳои фарҳангӣ равобити моро бо дигар идораҳо ва созмонҳо ба таври возеҳ муайян мекунад. Пас аз ин ҳодиса, мавқеи мушаххаси вазорат дар робита ба чунин масъалаҳо муайян мешавад", - таъкид кард вазир.
Ҳамзамон, қаблан гуфта шуд, ки 12 миллиард сӯм (1,1 миллион доллар) маблағҳои буҷа аз ҷониби Вазорати фарҳанг ғорат карда шуданд ва барои таҷдиди ёдгориҳои фарҳангӣ пул боқӣ намондааст.