ДУШАНБЕ, 24 дек – Sputnik. Дар оғози соли 2020 ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 58 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021”, ки аз 20 ноябри соли 2020 таҳти рақами 1724 қабул шудааст, ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2021-ро муқаррар намудааст.
Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, дар ҳаҷми 60 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Манобеи Sputnik Тоҷикистон аз Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД гуфтанд, ки барои татбиқ намудани муқаррароти нави қонунӣ барқия иттилоотӣ дарёфт намудаанд.
“Аз санаи 1 январи соли 2021 муҷозоти ҷаримавӣ, пардохти андоз аз соҳибони воситаи нақлиёт ва дигар пардохтҳо тибқи нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар ҳаҷми 60 сомонӣ татбиқ карда мешавад”, - таъкид шудааст дар барқияи иттилоотӣ.
Ба ин тартиб андози роҳ аз воситаи нақлиёт низ баланд мешавад.
Барои чӣ дар нақлиёт метавонанд шаҳрвандонро 15 сомонӣ ҷарима банданд?
Аввали соли 2020, меъёри пардохти андози роҳ аз воситаи нақлиёт, аз рӯи иқтидори муҳаррик ва “қувваи асп” чен карда мешавад 4,35 сомонӣ муқаррар шудаст, ки ин рақам назар ба соли 2019 ( 4,12) 5,5% баланд мебошад.