ДУШАНБЕ 16 дек - Sputnik. Муҳаммад Мирзо, мудири кулли “Авесто гуруҳ” дар ноҳияи Шоҳмансур “Комбинати орди Душанбе”-ро фаъол намуда, ваъда додааст, ки талаботи дохилиро қонеъ мекунанд.
“Ба таъкиди масъулони комбинати мазкур бо таъмини талаботи рӯзонаи шаҳри Душанбе бо орд, ки тибқи таҳлилҳо беш аз 400 тоннаро ташкил медиҳад, дар оянда маҳсулот ба дигар кишварҳои минтақа содирот карда мешавад”, - хабар дод котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Таъкид шуд, ки дар шаҳри Душанбе рӯзҳои наздик мағозаҳои фирмавии “Комбинати орди Душанбе” ба фаъолият оғоз мекунанд.
Зикр гардид, ки дар “Комбинати орди Душанбе” анбор барои захираи 32,0 ҳазор тонна гандум, анбор бо масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъ ҷиҳати нигоҳдории 3,6 ҳазор тонна орд ва анбор барои нигоҳдории сабӯс ва гандуми реза бунёд гардида, хати роҳи оҳан аз дохили корхона мегузарад, ки хароҷоти интиқоли маҳсулотро ба маротиб коҳиш медиҳад.
“Бо мақсади таҳвил ва дастраскунии маҳсулоти истеҳсолшаванда ба нуқтаҳои фурӯш ва марказҳои савдо 10 адад воситаи нақлиёти боркаши муосири гуногунҳаҷм харидорӣ карда шудааст”, - омадааст дар матлаб.
Таъкид ба қонеъ кардани талаботи дохилӣ ва содироти орд ба кишварҳои минтақа дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон маҳсулоти ордӣ ғизои асосии мардум ба ҳисоб рафта, вақтҳои охир нархи он боло рафта буд.