Катирин: бидуни муҳоҷирони меҳнатӣ иншоотҳои саноатӣ аз кор монданд

Сергей Катырин
Сергей Катырин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари Палатаи савдо ва саноати Русия Сергей Катирин таъкид кардааст, ки иҷозати вуруд ба Русия пеш аз ҳама бояд ба мутахассисони баландихтисос дода шавад

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Роҳбари Палатаи савдо ва саноати Русия Сергей Катирин ба нахуствазири кишвараш Михаил Мишустин барои вуруди соддаи муҳоҷирони меҳнатӣ бо оилаҳояшон ба Русия нома равон кард. Ташаббуси Палатаи савдои Русия дар асоси дархости зиёди ҷамъияти тиҷории ин кишвар сурат гирифтааст.

Заседание Координационного совета руководителей компетентных органов государств – членов ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон
Мақомдорони СААД вазъи муҳоҷират дар пандемияро баррасӣ кардаанд

Ба гуфтаи Катирин ин иқдом пеш аз ҳама ба мутахассисони баландихтисос ва аъъзои оилаҳои онҳо рабт дорад. Барои мисол ин иқдом барои нафароне равона шудааст, ки метавонанд дастгоҳҳои мушкили хориҷӣ, ки пеш аз пандемия харидорӣ шудаанд, роҳандозӣ кунад.

Дар даврони пандемия COVID-19 ба кишвари ҳеқ касе наметавонад ворид шавад ва таҷҳизотро роҳандозӣ кунад. Ба мо ширкатҳо бо ҳолатҳои форс-мажор муроҷиат мекунанд. Онҳо ба хотири он ки таҷҳизот насб ва роҳандозӣ нашудааст наметавонанд уҳдадориҳои худро иҷро кунанд, мутахассисон наомаданд ба ҳамин хотир онҳо натавонистанд имкониятҳои худро роҳандозӣ намоянд. Мо ингуна дархост зиёд дорем”, – гуфт Катирин дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.   

Вай таъкид дошт, ки ба хотири норасоии қувваи корӣ дар соҳаи сохтмон бахшҳои саноатӣ ва лоиаҳои сармоягузорӣ аз кор монданд.

“Ин ҳақиқатан як ҳолатест, ки ниёз ба мутахассиси баландихтисос аст. аммо ин бештар ба кишварҳои хориҷӣ дур ба монанди Олмон, Австрия, Итолиё ва ғайра абт дорад, ки мо аз онҳо таҷҳизот мехарем”, - илова кард роҳбари Палатаи савдо ва саноати Русия.

Катирин афзуд, ки бештар ба он муҳоҷирони меҳнатие аҳамият дода мешавад, ки дар сохтмони иншоотҳо иштирок доранд. Ба хусус вай дар бораи омӯзондани муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ӯзбекистонро қайд кард. Вай гуфт ин лоиҳа озмоишӣ аст ва дар марҳилаи аввал қарор дорад.

Подписания Меморандума между Министерством труда, миграции и занятости Республики Таджикистан и Международным центром развития миграционной политики - Sputnik Тоҷикистон
Барои муҳоҷирони рафта ва баргашта: дар Душанбе Маркази захираҳои муҳоҷират таъсис меёбад

“Ҳоло кушиш дорем барои омода кардани кадрҳои баландихтисос бо Ӯзбекистон ҳамкориро ба роҳ монем. Шаҳрвандони Ӯзбекистон бояд дар кишвари худ забони русиро биомӯзанд, аз ташхиси пизишкӣ гузаранд ва касб гиранд ва танҳо пас аз ин метавонанд вориди Русия шаванд”, - гуфт Катирин.

Вай илова кард, ки бо Тоҷикистон дар ин соҳа то ҳол ҳеҷ ҳамкорие ба роҳ монда нашудааст. Аммо вай таъкид дошт, ки агар ин таҷриба натиҷаҳои назаррас нишон диҳад, онро ҳамчунин метавон миёни дигар кишварҳо, ки ба Русия аз онҷо муҳоҷирони меҳнатӣ меоянд, роҳандозӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0