ДУШАНБЕ, 8 дек - Sputnik. Палатаи савдо ва саноати Русия пешниҳод намуд, ки вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ бо оилаҳояшон ба кишвар сода карда шавад.
Роҳбари Палатаи савдо ва саноати Русия, Сергей Катирин бо чунин пешниҳод ба сарвазир Михаил Мишустин нома фиристод, хабар медиҳад ТАСС.
Чунин ташаббуси мақомоти давлатӣ дар пайи дархостҳои зиёди намояндагони доираҳои тиҷоратӣ амалӣ шудааст. Намояндагони бахши хусусӣ муроҷиат кардаанд, ки дар шароити пандемия барои вуруди шаҳрвандони хориҷии баландихтисос мусоидат карда шавад.
Дар мактуби ПСС Русия қайд карда мешавад, ки чунин чораҳо бояд пеш аз ҳама ба мутахассисони баландихтисос ва аъзои оилаи онҳо дахл дошта бошад, ҳамон тавре ки қарори махсус дар бораи мутахассисони баландихтисоси соҳаи варзиш қабул гардида буд.
Катирин дар номаи худ норасоии нерӯи корӣ дар бахши сохтмонро алоҳида қайд кардааст. Барои танзими масъала, роҳбари Палатаи савдо ва саноат пешниҳод намудааст, ки бо қарори алоҳидаи ҳукумат тартиби вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ бо шарти назорати ширкатҳо ва меъёрҳои амнияти санитарию эпидемиологӣ танзим карда шавад.