ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Арӯси хонавода хусурашро бо ҷӯбдаст латукӯб кард, гузориш медиҳад, Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, қазия рӯзона 16 сентябр дар ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.
Гуфта мешавад, зани боздоштшуда 42-сола аст. Аммо синну соли падари шавҳари ин зан дақиқ нест.
Ҳарчанд ҳодиса ҳафтае пеш рух дода бошад ҳам, ВКД дар бораи дастгир шудани зан имрӯз, 22 сентябр гузориш додааст.
Сабаби ин ҳодиса низ ҷангу ҷанҷоли байни хусур ва арӯси хонавода гуфта мешавад.
“Очаҷон мана об ба напарто”: худкушии зан бо ду фарзандаш баъди суҳбати телефонӣ бо шавҳар
Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида зарари миёна ба саломатӣ мансуб мебошад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.