Як миллиарду 700 миллион доллар: арзиши истеҳсоли маҳсулоти саноатии Тоҷикистон эълом шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешНа фабрике по производству тканей, архивное фото
На фабрике по производству тканей, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи охир ба 1,697 сомонӣ (муодили 164 доллар) расидааст

ДУШАНБЕ, 25 авг— Sputnik. Ба нақл аз сомонаи Авесто, бар асоси эъломи Кумитаи омори Тоҷикистон, ҷамъияти ин кишвари дар ҳафт моҳи гузашта ба 9 миллиону 320 ҳазор нафар  расида, ки бар ин асос  саронаи ҳар шаҳрванди тоҷикистонӣ (саҳми ҳар шаҳрванд  аз истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ) ҳазору 697 сомонӣ аст.

Завод по производству ковров - Sputnik Тоҷикистон
Рушди соҳаи саноат новобаста аз коронавирус: ҳаҷми истеҳсол беш аз 15 дарсад афзоиш ёфт

Дар ин  муддат  арзиши истеҳсоли маҳсулоти саноатии Тоҷикистон беш аз 15 миллиарду 536 миллион сомонӣ (як миллиарду 700 миллион доллар) эълом шуда аст.

Гуфта мешавад, алюминий, семент, риштаҳои пахта, маъданҳо ва металлҳои ранга муҳимтарин содироти саноатии Тоҷикистон берун аз оғози соли равон мебошанд.

Ба далели набуди имкони фароварии бештари ин маҳсулот дар дохили Тоҷикистон, ин ақлом ба шакли хом ва нимахом ба хориҷ содир мешавад.

Дар Тоҷикистон бо сабаби набудани корхонаҳои коркард, танҳо 20 дарсад нахҳои пахтаи дар дохили кишвар истеҳсолшуда ба маҳсулот табдил дода мешаванд ва боқимонда ба хориҷа содир карда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0