Боздошти афсар барои талаби пора аз бародари сарбоз

CC BY 2.0 / Chris Potter / Did You Say "Bribe"?Доллары в конверте, архивное фото
Доллары в конверте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Агентии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти афсаре хабар медиҳад, ки аз бародари як сарбоз маблағ талаб кардааст

 

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Бо иттиҳоми гирифтани пора афсар Ёрмаҳмад Нуров боздошт гаштааст, хабар медиҳад, дафтари матбуотии Агентӣ.

Военный билет. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қаллобӣ: корманди Комиссариати ҳарбӣ 8000 сомонӣ гирифт, аммо билети ҳарбиро надод

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Агентӣ Ёрмаҳмад Нуров барои дар қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе ҷойгир намудани шаҳрванд “А”, ки барои хизмати ҳарбӣ даъват гардида буд, бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз бародараш шаҳрванд “Б” маблағи 1200 доллари ИМА талаб намуд.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–тафтишотӣ Нуров Ё.Г. баъди аз шаҳрванд “Б” гирифтани маблағи 1200 доллари ИМА дастгир гардида, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ  дарёфт ва гирифта шуд.

Гуфта мешавад, дар ин асос нисбати Нуров Ё.Г. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба мақомоти прокуратура ирсол карда шуд.

Дафтари матбуотии Агентӣ дар бораи мақом ва рутбаи афсар иттилоъ надодааст.

Лентаи хабарҳо
0