ДУШАНБЕ, 29 июн – Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи додгоҳи ноҳияи Дзержинскийи шаҳри Новосибирск, латукӯби 2 тоҷик дар заминаи хусумати миллӣ бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гуруҳи на камтар аз 10 нафарӣ сурат гирифтааст.
Додгоҳ муайян кардааст, ки Уметалиев Б.К., Торгоев Т.Ж ва афроди шахсияташон номаълум, бо теъдоди умумии на камтар аз 10 нафар, аз 23:00 то 23:30 дақиқаи санаи 29.09.2018 дар пеши тарабхонаи “Бухоро” дар шаҳри Новосибирск дар заминаи хусумати миллӣ бо маслиҳати пешакӣ ва тақсими нақшҳо ду тоҷикро латукӯб кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, бар асари зарба ба сару бадани ҷабрдидаҳо, яке осеби вазнини ҷисмонӣ ва дигаре осеби миёна ба саломатӣ дидааст.
Додгоҳ Уметалиев Б.К-ро дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор дониста, ба 5 солу 6 моҳи зиндон ва Торгоев Т.Ж-ро ба 6 соли зиндон маҳкум кардааст.
Мавқеи ҷабрдидаҳо ва маҳкумшудаҳо дар бораи ин ҳукм феълан маълум нест ва дар сурати дастрас шудани назарашон, он ироаи хонандагон хоҳад шуд.