ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Ожонси зидди фасод, Дамонов Абдусаллом Абдураҳмоновичро дар қаллобӣ муттаҳам карда, таъкид намудаст, ки ӯ қаблан низ якчанд маротиба барои содир намудани ҷиноятҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуда буд.
Манбаъ тавзеҳ додааст, ки Дамонов аз ҷазоҳои таъйиншуда барояш хулосаи зарурӣ набароварда, давоми солҳои 2017-2020 боз даст ба қаллобӣ задаст.
Ба иттилои Ожонс, Дамонов аз шаҳрванд Хоҷамбердиев Наврӯзбек Шерматович барои ҳуҷҷатгузорӣ карда додани 0,08 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳисоби заминҳои Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар якчанд ҳолат 17300 сомонӣ талаб карда, гирифтааст. Ин ниҳод таъкид намудаст, ки муттаҳам маблағҳоро тасарруф намуда, ба ҷабрдида зарар расондаст.
Вазорати кишоварзӣ гуфт, бо Фонди Оқохон беш аз 500 тонна тухми картошка ворид кард
Ожонс илова намуд, ки феълан аз рӯи ҳолати мазкур нисбати Дамонов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне барои қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.