Лавров қайд намудаст, ки ҷаҳонро лозим аст, то маҷмӯи умумии оқибатҳои пандемия аз вируси COVID - 19 - ро арзёбӣ намоянд.
Ҳамзамон, вазири корҳои хориҷӣ ба он далолат кард, ки бӯҳрон нишон дод, ки кишварҳо дар пасманзари авҷи коронавирус то чӣ андоза аз ҳамдигар вобастагӣ доранд.
"Таҳдидҳои фаромарзии рӯзафзун афзоиш ёфта истодаанд, сарфи назар аз он, ки дар сатҳи миллӣ кадом чораҳо андешида мешаванд. Аз ин рӯ, барои мубориза бо ин таҳдидҳое, ки сарҳадро намедонанд, аз ҷумлаи онҳо ҳоло чунин пандемия мебошанд, бояд саъю кӯшишҳоро муштарак анҷом дод", - афзудастЛавров дар нишасти матбуотӣ пас аз ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии ИДМ.
Ба гуфтаи Лавров, мубориза бо пандемияи коронавирус бояд дар якҷоягӣ анҷом дода шавад.