ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Нефтободи шаҳри Исфара ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.
Ин мард, рӯзи 23-юми апрели 2020, тахминан соати 20:30, дар нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ, воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри мазкур ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Нефтободи ҳамин шаҳр, ҷангу ҷанҷол карда, бо дасту пояш ба аъзои баданаш задааст.
Ду сокини Норак барои дуздии маҳсулоти хӯрокворӣ боздошт шуданад
"Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.