ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ин ниҳод, марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷурми қаллобӣ дастгир шудааст.
Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда ба гумони фиреби сони ноҳияи Айнӣ муттаҳам гашта, зимни як амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуд.
"Номбурда соли 2015 дар кӯчаи Гипроземи пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ, даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи "Тайота-Хайландер"-ро ба маблағи 25 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст",-афзудааст манбаъ.
Дафтари матбуотии ВУД мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.