Раҳмон бинои нави "Амонатбонк"-ро ифтитоҳ кард ва дар осорхонааш соядаст гузошт

Обуна шудан
Имрӯз дар "Амонатбонк" ба тозагӣ дастгоҳи чоп ва омодасозии кортҳои пластикиро дастрас шуд, ки имконият медиҳад минбаъд дар ҳамин ҷо кортҳои пластикӣ омодаву дастраси мизоҷон карда шавад

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бинои нави Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк"-ро ба баҳрабардорӣ расониданд.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, сарвари давлат бо шароити корӣ ва имкониятҳои иншооти нав аз наздик ошно шуда, бо кормандони он суҳбат кардааст.

Возле главного офиса Амонатбанка в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Амонатбонк” боз аз Бонки давлатии рушди Чин 60 миллион юани чинӣ қарз мегирад

Тавре иттилоъ дода мешавад, бинои нави "Амонатбонк" бо дарназардошти талаботи муосир бунёд ёфта, дар ҳудуди он шароити замонавии кор ва хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.

Аз ҷумла, дар дохили бино 121 утоқи корӣ ҷойгир буда, барои 500 нафар корманди дастгоҳи марказӣ ва дигар шуъбаҳои хизматрасонии бонк пешбинӣ гардидааст.

Дар ошёнаи аввали бино Маркази хизматрасонии мизоҷон ва Департаменти пардохти нафақаву кортҳои пластикӣ ҷойгир шудааст.

Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ додаанд, ки утоқҳои кории кормандон пурра бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Дохили иншоот ва утоқҳои корӣ бо дарназардошти талаботи замони муосиру меъёрҳои байналмилалии бонкдорӣ бунёд ёфта, ҳамчунин бино аз толору маҷлисгоҳ ва утоқҳои мулоқоту қабули меҳмонон иборат мебошад.

Аз ҷумла, бинои навбунёд дорои толор барои нишастҳои матбуотӣ ва толори хурди маҷлисӣ буда, барои гузаронидани ҳамоишу чорабиниҳо як толори дигар низ бо 200 ҷойи нишаст бунёд ёфтааст.

Ҳамзамон бо дарназардошти талабот 4 утоқи машваратӣ низ сохта шудаанд, ки бо дастгоҳҳои зарурӣ ва айёнияти корӣ таъмин мебошанд.

Ҷиҳати таъмини бехатарӣ бонк бо 300 адад камераи муосири назоратӣ таъмин буда, ҷараёни фаъолият ва омаду рафт ба таври қатъӣ зери назорат қарор дорад ва дар маҷмӯъ 9 ҳуҷраи техникӣ дар дохили иншооти тозабунёд ташкил гардидааст.

Сангтудинская ГЭС-1 - Sputnik Тоҷикистон
“Амонатбонк” аз аҳолӣ саҳмияҳои “Сангтуда”-ро бо арзиши 10 доллар харидорӣ мекунад

Аснои ошноӣ Раҳмон ҳамчунин аз Осорхонаи бонк, ки дар ошёнаи 10-ум бунёд ёфтааст, дидан намудааст.

Дар ин ҷо дастоварду натиҷаҳои кории "Амонатбонк", ки таърихи бештар аз 130-сола дорад, маҳфуз дошта мешаванд.

Осорхона бо усули муосири меъморӣ бунёд ёфта, ҳамчунин барои гузаронидани конфронсҳои хурд дар ин ҷо имконият фароҳам аст. Дар ҳамин ҷо кишвардор дар китоби меҳмонони олиқадри Осорхона соядаст гузоштааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони бонк мулоқот карда, ифтитоҳи иншоотро ба онҳо таҳният гуфтанд.

Ӯ таъкид кардааст, ки “Амонатбонк” дар низоми бонкдории кишвар нақши калидӣ бозида, бо дастгирии Ҳукумат барои беҳтар намудани шарту шароити кории он тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Аз ҷумла, ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот Сарвари давлат баҳои баланд дода, кормандонро вазифадор намудааст, ки ин имкониятҳоро баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ истифода баранд.

Лентаи хабарҳо
0