ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Нурсултон Назарбоев, нахустин раисҷумҳури Қазоқистон зимни мулоқот дар “Клуби Остона”пешниҳод, ки мулоқоти Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ва Владимир Путин, роҳбари Русия дар Қазоқистон баргузор шавад.
“Ман бо оқои Зеленский мулоқот кардам, ман ба ӯ гуш додам. Ҳамин дирӯз ҳам бо Владимир Путин дар бораи ҳалли мушкилот (вазъи Донбасс) мулоқот доштам. Ман бар онам, ки мулоқоти дуҷонибаи ду роҳбар, яъне раисҷумҳури Русия ва Украина лозим аст”, - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Назарбоев зикр кард, ки раисҷумҳури Украина ба пешниҳодӣ ӯ дар бораи мулоқот дар минтақаи бетараф розӣ шудааст. Сиёсатмадор таъкид намудааст, ки ҳоло барои Зеленский муҳлате расидааст, ки иродаи қавии нишон диҳад ва масъалаҳои баҳснокро ҳал намояд.
Бояд гуфт, ки Қазоқистон борҳо мулоқотҳои чандҷонибаро дар қаламрави худ баргузор мекунад. Маҳз дар соли 2017 дар ин кишвар музокироти сулҳи Сурия оғоз гардид.
Ёдрас мешавем, ки Украина Русияро барои дахолат дар кашмакашҳои дохилӣ дар ҷануб шарқи кишвараш ва ворид намудани низомиён ва тасарруфи Қрим айбдор мекунад. Зиддият алакай 5 сол аст, ки идома дорад.
Дар навбати худ Маскав тамоми гуфтаҳои ҷониби Украинаро рад мекунад.