Талоши Шарапов барои фурӯши ғайриқонунии Қуръони асри XVI - видео

Обуна шудан
Қуръони Каримро мехостанд тариқи қочоқ ба Қирғизистон баранд. Ин нусхаи китоби муқаддас арзиши бузург дошта бурдани он аз қаламрави Узбакистон қатъиян манъ аст.

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Раёсати Хадамоти амнити давлатии Узбакистон дар Фарғона аз фурӯши дастнависи нодири китоби Қуръон ба шаҳрванди Қирғизистон, пешгирӣ кард, хабар медиҳад шакабаи "Узбакистон 24".

Навори ҳодисаи мазкур дар шабакаи Youtube нашр шудааст.

Муайян шудааст, ки шаҳрванди Узбакистон ният доштааст, китоби Қуръонро ба қиммати 150 ҳазор доллар фурӯшад. Ба гуфти гумонбар Фаррух Шарапов, ин китоби Қуръон дар хонааш будааст, ӯ онро ба манзили дӯсташ ба Қуқанд оварда он ҷо бо марди қирғизистонӣ ошно шудааст. Мардҳо баро фурӯши китоб маслиҳат кардаанд.

Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Маслиҳати Путин ба кӯдакони тамоми ҷаҳон: бигзор Инҷил, Таврот ё Қуръон хонанд

Экспертизаи Вазорати фарҳанг маълум кардааст, ки ин китоб дар асри XVI  аз ҷониби хаттот Мулло Юсуф Саҳҳоф навишта шудааст. Пасон авохири асри XIX ва аввали асри XX Қуръон аз нав таълиф гардидааст.

Нархи эҳтимолии ин нусхаи нодир 1,88 миллиард сум (тақрибан 200 ҳазор доллар) гуфта мешавад. Ин дастнавис ба рӯйхати китобҳое ворид мешавад, ки аз қаламрави Узбакистон баровардани он, қатъиян манъ аст. 

Ин дастнавис ба осорхонаи давлатии Узбакистон супорида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0