Ишқбозӣ ба ивази 35 дирам дар 1 рӯз: Вавилон гуфт, такрор намешавад, дигарҳо чӣ?

© PixabayРазговор по телефону, архивное фото
Разговор по телефону, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Паёми расида ба бархе аз муштариёни Вавилон, ки “муошират ва ишқбозӣ дар чати беҳтарин”-ро дар се рӯзи аввал ройгону баъдан ба ивази 35 дирам дар як рӯз пешниҳод кард, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳс қарор гирифт

ДУШАНБЕ, 13 окт - Sputnik. Бархе ин пешниҳоди оммавӣ ба муштариёнро ба риштаи ҳазл кашиданду гуруҳи дигар ҷиддан онро хилофи арзишҳои ҷомеаи Тоҷикистон хонданд.

Месенджер WhatsApp, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шавҳарро барои хондани смс-ҳои ҳамсар дар WhatsАpp ду сол зиндон карданд

Холиқназар Ҷумъаев, масъули робита бо ҷомеаи ширкати “Вавилон” фавран ба ин масъала вокуниш нишон дода, гуфт, санҷиш муайян намуд, ки паёмакро контент провайдер бе мувофиқа бо Вавилон фиристодааст.

“Ташаккур дӯстон барои эрод. Санҷиш маълум кард, ки ин аз Вавилон нест. Аз Контент Провайдер аст, ки дар доираи хизматрасониҳояш, бе мувофиқа бо мо, ба воситаи Вавилон ирсол намудааст. Камбудӣ ислоҳ шуд ва дигар чунин паёмак ба касе намеравад”, - изҳор дошт Ҷумъаев.

Имомхатиб талоқ тариқи смс-ро "бетартибӣ" хонд

Ин ваъдаи Вавилон дар ҳолест, ки муштариёни ширкатҳои мобилӣ мегӯянд, аз ширкатҳои дигар низ чунин паёмакҳоро мегиранд.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад,  зиёданд ҳолатҳое, ки суҳбату мукотиботи телефонӣ боиси муноқишаҳо ва аз ҳампошии оилаҳо шудааст

Лентаи хабарҳо
0