Ҳалокати 127 нафар бар асари бориши шадиди борон, сел ва рониши замин

© Спутник / Гузариш ба медиабонкНаводнение. Архивное фото
Наводнение. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шумори қурбониёни бориши шадиди борон, сел ва рониши замин дар шимоли Ҳинд ба беш аз 120 нафар афзоиш ёфт

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дастикам 87 нафар дар дар як ҳафтаи охир дар иёлати Уттор Прадеш ва 27 нафар дар Бихари Ҳинд бар асари бориши шадиди борону рониши замин ҷони худро аз даст доданд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

Учения КЧС РТ - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ: дар натиҷаи офати табиӣ 22 нафар шаҳрвандони кишвар ҳалок шудаанд

Идораи ҳавошиносии Ҳинд дар бахшҳои зиёде аз манотиқи иёлати Уттор Прадеш вазъияти қирмиз эълом кардааст.

Бориши борон дар иёлатҳои Уттораканд, Раҷистон, Модиё Прадеш ва минтақаи Кашмири таҳти контроли Ҳинд низ даҳҳо қурбонӣ барҷой гузоштааст.

Боришҳои шадиди борон ҳамчунин мунҷар ба лағви ҳаракати теъдоде аз қаторҳо ва шуморе аз парвозҳо дар шимоли Ҳинд шудааст.

Бориши борону ҷорӣ шудани сел ва рониши замин дар ҷануби Осиё ҳамасола дар моҳҳои июн то сентябр талафоту хисороти фаровоне барҷой мегузорад.

Лентаи хабарҳо
0