Меҳрнигори Рустам ба ИМА рафт – видео

© Facebook / Mehrnigor RustamТаджикская певица Мехрнигори Рустам
Таджикская певица Мехрнигори Рустам - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Меҳрнигори Рустам, овозхони ҷавони тоҷик барои баргузории консерт дар арафаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон озими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шудааст

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Умедҷон Аҳмадзода, рӯзноманигори тоҷик бо нашри навор аз истиқболи Меҳрнигор дар фурудгоҳи Ҷон Кенедии шаҳри Ню-Йорк хабар дод, ки ин сафари овозхон ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рабт дорад. Ба иттилои манбаъ консерт 8-уми сентябр дар Эмир Паласи Бруклин баргузор мешавад.

Худи Меҳрнигор бо баёни миннатдорӣ барои истиқболи гарм, аз ҳаводорон даъват кардааст, ки дар консерташ дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иштирок кунанд.

Ахиран Меҳрнигори Рустам намоҳанги ҷадиди худро зери унвони “Дили ошиқ” пешниҳоди мухлисон карда буд. Намоҳангро, ки Меҳрнигор дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод кардааст, аз ҷониби коргардон Лидия Андре таҳия шудааст. Муаллифи оҳанг худи Меҳрнигор ва матни суруд маҳсули эҷоди Орзу Исоев, рӯзноманигор ва шоири шинохтаи Тоҷикистон мебошад.

Дар намоҳанг Меҳрнигори Рустам бо либосҳои гуногун дар мавзеъҳои гуногун, аз ҷумла бо либоси сарӣ болои капоти мошини гаронарзиш ҳунарнамоӣ ва рақс мекунад.

Лентаи хабарҳо
0