ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Хабари тир хурдани афсари Вазорати умури дохила дар пайи муноқишаи марзиро, сухангуйи раиси ноҳияи Исфара Иқбол Тешаев ба сомонаи Sputnik Тоҷикистон низ тасдиқ намуд.
"Бар асари таниши марзӣ миёни сокинони Ворухи Тоҷикистон ва Оқсойи Қирғизистон, роҳбари маркази матбуотии Раёсат умури дохилаи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковник Абдурасул Шомирсаидов аз тири камон ҷароҳат бардошт",- хабар дод Иқбол Тешаев.
Ба иттилои вай афсари Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон айни замон дар беморхона таҳти назорати табибон қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки задухӯрди навбатӣ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди барафрохтани байрақи Тоҷикистон аз ҷониби як сокини Ворух дар назди марз сар зад.
Барафрохтани байрақи Тоҷикистон боиси хашми сокинони Оқсойи кишвари ҳамсоя гардида, миёни сокинони ин ду манотиқ муноқиша бархост.
Бар асари тирпарронӣ як нафар ҷони худро аз даст дода, 4 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муташанниҷ аст
Сухангуйи раиси Исфара зикр намуд, ки вазъи саломатии ду нафар маҷруҳ бисёр ваҳим буда ба ҷарроҳии фаврӣ ниёз доранд.
Навори тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - 5 видео
Зимнан хабар дода мешавад, ки шаҳрвандони Қирғизистон шоҳроҳи Исфара- Ворухро масдуд намуданд,ки барои рафтуойи табибон ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ мушкили пеш омадааст.