ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Туркманистон ба муддати ним сол ба автомашинаҳои барои Тоҷикистон таъиншуда ва ё аз Тоҷикистон берун шударо, иҷозаи убур аз марзи кишвари худ намедиҳад, изҳор дошт муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Сӯҳроб Мирзозода зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе.
Ба иттилои Мирзозода, ҷониби Туркманистон ба дархосту номаҳои ин вазорат, ҷиҳати шарҳи сабаби надодани иҷоза ба убури мошинҳои Тоҷикистон посухе надодааст.
Тоҷикистон аз Туркманистон талаб дорад, ки далели дармондани фураҳоро шарҳ диҳад
Аз ин рӯ Тоҷикистон ин мушкилиро тариқи истифодаи роҳи алтернативӣ, ки масофаи нисбатан дарозтарро дорад, ҳал намудааст.
Мирзозода қайд намуд, ки дар фурсати кӯтоҳ ҷониби Тоҷикистон бо ҳукумати Озарбойҷон ва Гурҷистон барои истифодаи зербинои роҳҳояшон баҳри убури воситаҳои нақлиёти Тоҷикистон ба созиш расида буд.
Тӯли 5 моҳ дар Тоҷикистон ҳудуди 32,6 миллион тонна коло ҳамлу нақл шуд
Ӯ таъкид дошт, ки айни замон барои ҳамлу нақли борҳо ба Тоҷикистон ё аз Тоҷикистон, ду хатсайри дигар истифода мешавад, ҳарчанд масофаи онҳо нисбат ба қаламрави Туркманистон дарозтар аст: аввалаш - тариқи Узбакистон то бандари Актауи Қазоқистон ва Боку ва минбаъд тариқи қаламрави Озарбойҷон; дуюмаш - тариқи қаламрави Узбакистон, Қазоқистон ва Русия то Гурҷистон ва кишварҳои Шарқи Наздик.