ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Дар Душанбе ҷавонеро мекобанд, ки дар макрази пойтахт даст ба ғоратгарӣ зада, аз ҷои ҳодиса ғайб зад, гузориш медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 50-солаи сокини ноҳияи Фархор, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 4 июни соли 2019, дар назди бинои №11-и кӯчаи Лоҳутии пойтахт бо ҳамроҳии рафиқаш, ки ба тафтишот номаълум мебошад, бо тариқи зӯроварӣ аз дасти марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе, 107-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 1.587-сомониро ташкил медиҳад. Барои муайян ва дастгир намудани гумонбари дигари ин ҷиноят чорабиниҳо идома дошта, ҳодисаи мазкур мавриди тафтиш қарор дорад.