ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба фаъолон ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Суғд иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Фирдавс Шарифзодаро муаррифӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.
Ёдрас мешавем, ки бо Фармонҳои Президенти Тоҷикистон аз 12 декабри соли равон Сатториён Матлубахон Амонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Гулистон озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон таъин гардид.
Фирдавс Шарифзода 16 феврали соли 1984 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Соли 2015 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо дипломи аъло хатм кардааст.
Мавсуф солҳои 2001-2003 дар вазифаи сармутахассиси Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Суғд, солҳои 2003-2012 дар вазифаи мутахассиси пешбари шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, солҳои 2012-2014 дар вазифаи сармутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, солҳои 2014-2015 дар вазифаи мудири бахши Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кор кардааст. Аз моҳи апрели соли 2015 то декабри соли 2018 Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд буд.