Ҷазои духтардузд: муҳоҷирро барои рабудани арӯси собиқаш зиндон мекунанд

© Sputnik / Чигляков / Гузариш ба медиабонкНаталья Варлей в роли Нины и Александр Демьяненко в роли Шурика в фильме "Кавказская пленница"
Наталья Варлей в роли Нины и Александр Демьяненко в роли Шурика в фильме Кавказская пленница - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мард, ки натавонистааст "ба хубӣ" дӯстдоштаашро баргардонад, роҳи зӯриро пеш гирифтааст. Вай бо як дӯсташ духтарро дар назди манзилаш ба зӯрӣ ба мошин андохта, рабудаанд. Аммо хушбахтона худравро командони БДА боздошт карда, сирри ошиқро ошкор кардаанд

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии Додситонии Санкт-Петербург хабар медиҳад, додгоҳи  Санкт-Петербург парвандаи ҷиноии муҳоҷири узбакистониеро баррасӣ мекунад, ки ба дуздии собиқ маъшуқааш муттаҳам мешавад.

Ба иттилои тафтишот, шаҳрванди Узбакистон пештар кӯшиш карда будааст, ки "ба хубӣ" дӯстдоштаашро баргардонад. Ҷавон ноумед шуда, қарор медиҳад, ки духтарро медуздад. Ӯ барои амалӣ кардани нақшаи тарҳрезикардааш дӯсташро даъват кардааст.

Ҳарду ба мошин ба назди манзили духтар омада, баромадани ӯро интизор шудаанд. Сипас  духтарро ба зӯри вориди худрав карда, ӯро лату куб ҳам карданд.

Хушбахтона дар роҳ мошинро нозирони роҳ манъ кардаанд. Дар натиҷа духтар тавонистааст онҳоро аз ин воқеа огоҳ кунад.

Зан ба ҳоли муҳоҷир раҳм карда, хостааст арзашро бозпас гирад. Аммо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ парвандаи ҷиноиро маҳкам накардаанд.

Нисбати шаҳрванди Узбакистон мувофиқи моддаи одамрабоӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Лентаи хабарҳо
0