ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Дар ин бора додситони вилояти Астрахан хабар дода, афзудааст, ки вуруди шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия мамнуъ боқӣ мондааст.
Расонаҳои Астрахан аввали моҳи август иттилоъ доданд, ки дар гузаргоҳи роҳи оҳани "Оқсарой"-и вилоят, як ҷавони 28-солаи тоҷик боздошт шудааст, ки ҳаққи вуруд ба Русияро надоштааст
Расонаҳо бо такя ба дафтари матбуоти раёсати Хадамоти амнияти федералӣ дар вилояти Астрахан хабар доданд, ки ҷавони тоҷик барои иҷозати сафараш ба Маскав ба корманди мақомоти марзбонӣ 10 ҳазору 750 рубли русӣ ва 110 сомонӣ додааст.
Масъулини мақомоти амният гуфтаанд, ки зимни боздошт ҷавони тоҷик муқобилият нишон дода, талоши фирор кардааст, аммо дар навор ин ҳолат сабт нашудааст.