Маро куштан мехостанд: муҳоҷири тоҷик аз ҳамватанонаш дар Русия шикоят кард

© Sputnik / Анна Соловьева / Гузариш ба медиабонкДрака, архивное фото
Драка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар яке аз ноҳияҳои назди Маскав баҳс байни зодагони Тоҷикистон бо одамдуздӣ ва кӯшиши даст задан ба куштор анҷомид

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Дар шаҳри Дедовски вилояти Маскав як шаҳрванди Тоҷикистон шаш ҳамватанашро дар расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ  ва кӯшиши одамрабоиву одамкушӣ муттаҳам мекунад. Ба гуфтаи ин ҷавон, кормандони пулис ба ин ҷиноят хунукназарӣ кардаанд.

Ба гуфтаи Муҳаммад Ҳамроев, як шиносаш аз вай хоҳиш кард, ки аз дачааш дар шаҳри Истраи вилояти Маскав  хабар гирад.

Ӯ ба дача расида, хабардор шуд, ки дар он 6 муҳоҷири тоҷик истиқомат доранд. Онҳро дар посух ба саволи Муҳаммад, ки чигуна вориди хона шудаанд, гуфтаанд, ки пулиси маҳаллӣ ба ин манзил онҳоро роҳ додааст ва ба пулис ҳаққи иҷораи манзилро месупоранд.

Иброхим Ахмедов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадов: ба мо ҳар рӯз муҳоҷирон шикоят мекунанд, ки музди корашонро нагирифтаанд

Дар натиҷа байни ин гурӯҳ ва Муҳаммад баҳс сар задааст. Муҳаммад мегӯяд, ки пас аз дарки он, ки баҳс бо онҳо фоидае надорад, ӯ ба хонаи дигаре рафт.

Пас аз як соат, ба назди Муҳаммад чанд нафари ниқобпӯш омада, ӯро  кашолакунон ба кӯча бароварда, калтакборон кардаанд ва ба бағоҷмонак андохта, таҳдид кардаанд, ки мекушанд.

Аммо Ҳамроев тавонист наҷот ёбад: ӯ дар яке аз истгоҳҳо худро аз бағоҷ партофта, ба наздиктарин мағоза паноҳ бурдааст, онҷо ба вай кӯмаки тиббӣ расонидаанд.

Сипас ҳангоми дар бемористон будан, ба назди ҷабрдида муфаттишон омадаанд, аммо ба гуфтаи Муҳаммад, пулиси минтақавӣ аз онҳо хоҳиш кардааст, ки дар ин баҳс кордор нашаванд. "Тоҷикҳо худашон ҳал мекунанд",- гуфтаст вай.

Афзун бар ин Муҳаммад мегӯяд, ҳамватанонаш ғайриқонунӣ дар Русия будубош мекарданду пулис минтақавӣ аз ин хабар дошт.

Ҳоло ҷабрдида мехоҳад ба Кумитаи тафтишотии Маскав аз кирдори пулиси минтақавӣ барои пинҳон кардани ҷиноят шикоят барад.

Лентаи хабарҳо
0