Навиштаҳои эҳсосии духтари ҷавон, дар бораи бадрафтории мардон нисбати занону духтарон дар кӯчаҳои Душанбе сомонаи иҷтимоии Facebook-ро такон дода, баҳси зиёдеро ба миён овард.
Муаллиф таъкид кардааст, ки аз бадрафторӣ ва гаппартоии мардон дар нақлиёти ҷамъиятӣ хаста шудааст.
Дар шаҳри Душанбе бо дастури раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ барои баррасии озори лафзии мардон нисбати занон гурӯҳи корӣ ташкил гардид.
Анна Чудинова дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон шуури занони тоҷикро дар ин бора таҳлил намудааст.
"Шояд занҳо мусалмон ё ин ки занҳои Осиёӣ аз ҷабр хаста шуданд. Занҳо аз хомуш нишастан хаста шуданд", таъкид кард вай.
Вай афзуд, ки ӯ ақидаҳои кӯҳнапарастӣ дорад, ки зан мисли мард бояд одатҳоро риоя кунанд, аммо фарёди ин зан нишонаи онро дорад, ки ба ин масала бояд таваҷуҳи хос дода шавад.