Адолат ва қонун ҳаст: сипосгузории корбари Facebook аз Рамазон Раҳимзода

© Фото : МВД Республики ТаджикистанМинистр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото
Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои расидан ба адолат ва ҳаққи хеш бояд ҳамеша талош нумуд, то ба мақсад расид",- боварӣ дорад Ҷамшед Олимов

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ҷамшед Олимов — як корбари фаъоли Фейсбук аз вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода сипосгузорӣ кардааст.

Ӯ ба интишори ёддоште дар саҳифаи Фейсбукиаш изҳор дошт, ки "маҳз дахолати вазир боиси баррасӣ гардидани мушкилии вай аз ҷониби мақомоти милиса гаштааст".

Ёдрас мешавем, пештар ВУД ҶТ хабар дод, ки ду корманди мақомоти милиса дар пайи шикояти як корбари Фейсбук муҷозот шуданд.

"Матлабе, ки мо дар саҳифаи Фейсбукии худ бо номи "Ба ВКД ва 2212121 дигар эътимод надорам" нашр намудем аз нуқтаи таҳлилу назари Шумо дур намонд. Ҳамин буд, ки шахсан бо супориши Шумо бандаро ба ВКД даъват намуда, аз ман баёноти хаттӣ гирифтанд" — тавзеҳ медиҳад Олимов.

 Дар ин муддат чандин нафарон ба ман мегуфтанд ки "чаро ин корро кардӣ, тамом туро ҳабс мекунанд, ояндаат сӯхт" ва дигар гапҳои пучу беасос. Аммо ман медонистам, ки адолат ва қонун ҳамеша ҷониби ростиро пуштибонӣ мекунад, афзудааст вай.

"Шумо мушкилоти маро нодида нагирифтед. Барои расидан ба адолат ва ҳимоя аз ҳаққи хеш бояд ҳамеша талош намуд то ба муваффақият ноил гашт. Ташакур ба Шумо вазири мӯҳтарам", — менависад Ҷамшед Олимов.

Телефони боварии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон 221-21-21 ва "Мадад-1919" ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунад.
Ба гуфтаи мақомоти милиса,  роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ тамоми тадбирҳоро меандешанд, ки арзу муроҷиати шаҳрвандон сари вақт ба қайд гирифта шуда, ҳаматарафа санҷида шаванд ва аз рӯи ҳар кадоми онҳо қарори қонунӣ қабул карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0