Намоҳанги нави Ҷонибек Муродов "Лилу" ба мухлисон писанд омадааст. Онро дар шабакаи Ютуб дар чор рӯз бештар аз 500 ҳазор бор тамомшо кардаанд. Корбарон зери навор шарҳҳои худро навишта, гуфтаанд, намоҳанг ва мусиқӣ барояшон писанд омад.
Таронаи "Лилу" бо забони русӣ сабт шуда, дар намоҳанги он модели машҳури украинӣ Фарида Иброҳимрва нақш бозидааст.
Тавре дар саҳифаи овозхон хабар дода мешавад, мусиқии тарона ба оаҳангсоз Александр Яшин ва матни он ба Василий Радуга тааллуқ дорад.
Ёдрас мешавем, пештар порае аз ин намоҳангро модели озаритабори Украина Фарида Иброҳимова мунташир карда буд, ки боси "ғайбат"-ҳои корбарони интернет гашт.